Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хабароваранда хоҳиш кард, ки «Акаи Файзалӣ, шумо телефони он шахсро медонед. Хоҳиш мекунам, хабар расонед».
Файзалӣ як диле кард, ки телефон накунад. Лекин ба хотири қишлоқдорӣ ва рўҳи майити нав аз райъаш гашт. «Аз ман телефон карда як даҳан гап задан. Меравад ё намеравад, он тарафаш кори ў».
Даст ба гўшак бурда рақам чинд. Баъди чанд сония аз он тараф садо омад:
– Лаббай!
Файзалӣ: – Баширҷон, салом, ман...
– Шинохтам, амак, шинохтам. Камтар сабр кунед. Ман худам, ҳоли ҳозир худам ба шумо телефон мекунам, – гуфта гўшакро монданӣ буд, ки хун ба майнаи Файзалӣ зад. Ва ў сабр аз даст дод:
– Ҳой, ҷўра. Ман аз ту муттаҳам нестам. Дигар сабр намекунам. Гапа гўш кун!
– Э, худаш чӣ гап? Тинҷӣ-ми? – саросема пурсид он шахс.
– Тинҷӣ не-да.
– Чӣ, кўҳи Қоф чаппа шудааст магар?
– Кўҳи Қоф чаппа нашудааст, лекин очаи ту мурдааст. Ана ҳамин хабари хушро ба ту расонданӣ будам! – инро гуфта Файзалӣ бо алам гўшакро партофт ва «уфф гўён оҳи сар аз дили пурдард берун овард...

пешина
аз 315
навбатӣ