ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
ҳамин ҳам одамгарӣ шуд?! Ҳе, зан нашуда мур... Хаппаки таги таппак будааст, ин ҳамсоячаи мо…»
Адолат ба пурсупос ва кунҷковиҳои Ситора кўтоҳакак посух дод: «Касе ўро чанд муддат аст, ки ба таҳқиқ гирифтааст, чун соя аз пушташ мегардад. Ба хотири бехатарии худашу фарзандонаш қарор додаст, ки субҳи солеҳон ба деҳа, хонаи падару модараш равад ва то гум шудани паю қадами ин шумшакл он ҷо ду-се рўз монад.
– Хонаро бесоҳиб партофта меравӣ, наметарсӣ? – пурсид Ситора.
– Хона – садқаи сар. Дар он ҷо балое нест, ки баранд. Ман аз ҷони худаму бачаҳоям метарсам. Чизе, ки дузд шаб дар хонаи мо мекобад, ман дар рўз ёфта наметавонам.
– Ба ҳар ҳол хонаи гург бе устухон намешавад, дугона.
– Гапат ҷон дорад. Лекин гумон мекунам, ки дуздони ин замона болишту ду се кўрпаи нимдошти маро назарашон намегирад.
– Ҳа, хестӣ, ки хобӣ, дугона! Дуздони ин замона, баръакс, аз ягон чиз рўй намегардонанд! Хас ҳам бошад, мебаранду палос ҳам бошад мебаранд. Мана, дина ҳамсояи мо либос шуста ба либосовезаки паси хона офтоб кардааст. Баъди ним соат аз он чизҳо ному нишоне намондааст. Як ҳамсояи дигарам нақл кард, ки дина милисаҳо дар бозори паси ҳавлии мо дуздбачаҳоро бо сару либос ва сачоқҳои навшуста, ҳини ба савдо задан даст гирифтаанд.
Хуллас, ки имрўз дузду дуздбачаҳо аз ягон чиз рўй намегардонанд. Ба чашмашон чизе, ки бархўрд, мебардоранду мебаранд.
Инсофу диёнат намонд, дугона.
– Рост мегўӣ, – оҳи сард аз дили пурдард берун кард Адолат ва афзуд: – Аз тақдир ҷои гурез нест. Чизе ки дар пешонӣ бошад, ҳамонро мебинем. Ин лаҳза ман дар бораи чизу чораи хона не, дар бораи ҷони худаму бачаҳоям фикр мекунам. Ҷони одамиро бо ягон зару зевар харида намешавад.
…Адолат дар бораи чизи дигар – пулҳои бо меҳнату машаққати зиёд, бо хориву зорӣ кор кардаи шавҳараш чизе нагуфт. «Дар хусуси дороӣ, бигузор кам бошад, ҳатто дар пеши наздиктарин одамат гап задан лозим не, – андеша мекард ў, – зеро агар дар пеши хешу табор аз пулу пулдор буданат ҳарфе занӣ, яктааш не, яктааш, бо ҳасад ҷонибат менигарад, ё дигараш зуд нўлашро дароз карда қарз металабад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё