ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Адолат чой монду хўроки нисфирўзиро гарм карда, шиками бачаҳояшро сер кард. Лекин аз гулўи худаш чизе намегузашт, ҳатто чой нанўшид. Вақте бачаҳо шуниданд, ки ба хонаи Ситорахолаашон меҳмонӣ мераванд, кабўтарвор бол бароварда, зуд ба либоспўшӣ сар карданд.
Адолат, чароғи залро хомўш карда, ба хонаи хоб гузашт ва аз қабати кўрпаҳо бастаеро бароварда кушода дар равшании чароғи рўи миз коғазҳои сабзро бори дигар шумурд. Расо дуним ҳазор.
Онҳоро боз ба латта печонда андаруни либоси тагаш ҷой кард. Як чиз-ним чиз ба сумкааш ҷой намуд. Ин маънии онро дошт, ки вай фардо субҳ аз хонаи Ситора рост ба автовокзал ва аз он ҷо ба деҳа меравад…
Дар соати муайяншуда мошине омада дар рў ба рўи гузаргоҳи Адолатино қарор гирифт. Адолат аз паси парда ба берун нигоҳ кард: чароғи мошин се маротиба даргирифту хомўш шуд. Ваю бачаҳояш, ки кайҳо омодаи сафар буданд, дарро оҳиста боз карда, боз ҳамон хел онро қулф карда, секин поин фуромаданд. Вай гумон дошт, ки касе аз «фирор» кардани ў хабар надорад. Не, ин лаҳза кампири ҳамсоя, ки зани зираку ҳушёр буд, ҳамаашро пай бурд. Вай шараққоси дар ва дар он тоб хўрдани калидро ба хубӣ ҳис намуд ва зуд назди тиреза омад…
Баробари ба берун баромадани очаву бачаҳо дари ақиби мошин кушода шуд.
– Марҳамат!
Вақте ки мошин аз назди бино дур гашт, аз паси чанори пушти хона суробе берун баромад. Дар дили торикӣ чунин суханҳо якҷоя ба ханда садо доданд: «Бечора ҳамсояро расо тарсондам-да.
Калўшро монда патакро пўшида гурехт».
Вақте ки соҳиби ин суханҳо аз паси чанор баромада рў ба гузаргоҳ овард ва ба ошёнаи дуюм роҳ гирифт, он лаҳзаҳо аз паси тирезаи хонаи тарафи чапи ошёнаи дуюм кампири ҳамсоя худ ба худ мегуфт: «Аҷоиб. Мардакаша он тараф гуселонду худаш дума ба ин тараф хода кард! Беҳаёро бинед, ки боз бачаҳояшро ҳам бо худ гирифт. Палочка – виручалочка гуфтагӣ барин. Ҳа, замона вайрон шудагӣ. Ҳамин ки чашми шавҳарро хато карданд, худо метияд ба ин тирмизакчаҳо. Э, корам чӣ? Сарашу равғанаш. Дар ин замони нотинҷ хонаю дарро партофта барои шикасти нафси зормонда ба ким-куҷо рафтан, ба хотири чанд лаҳзаи айш…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё