ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Чаро не? Ба сад дида. Марҳамат, нури дида тоҷи сар.
Метавонӣ, худи ҳозир бачаҳота гирифта биёӣ.
– Ман ҳозир аз хона баромада наметавонам.
– Чаро?
– Вай… вай метавонад аз думболи мо шавад.
– Ваяш кӣ? Шавҳарат?
– Не, он кас рафтанд. Ҳамин рўз гусел карда омадам.
– Набошад, вай кӣ будааст, ки шуморо думболагирӣ мекунад?
– Гуфта наметавонам. Гапи телефонӣ не.
– Хушш. Набошад ту чӣ кор карданӣ? Кай туро интизор шавем?
– Шаб саҳл торик шавад.
– Дар торикӣ ба берун баромадан… Наметарсӣ?
– Метарсаму… Лекин чӣ илоҷ. Вай… вай…
– Фаҳмо. Ин тавр бошад, гапа гўш кун. Баъди як соат тайёр шав. Ману поччотон мошин қатӣ меоем. Ҳамин ки дар таги хонаат се бор сигнали мошинро шунидӣ, бачаҳота гирифта оҳиста, ошарф накарда, берун баро.
– Не, не, хоҳиш мекунам, сигнал надиҳед! Ман худам аз тиреза ба берун нигоҳ карда меистам. Бо нури чароғ ишора кунед, кифоя…
– Майлаш, Адолат. Хоҳиш мекунам, худата ба даст бигир.
Натарс. Дарро ба рўи ягон кас накушо.
Адолат қадре осуда шуда, гўшакро ба ҷояш гузошт ва оҳи сабуке кашида боз ба тиреза наздик шуду ба берун нигарист. Он ҷавон ҳоло ҳам дар ҷои пештарааш рост меистод. Ин дафъа мусоҳибаш каси дигар буд. «Ҳа, маълум мешавад, ки онҳо танҳо не. Се нафар будаанд. Бо ваяш гапро пазонд. Акнун – бо инаш...»
Адолат ба соат нигарист: ҳафту бист. Ҳоло боз як соату панҷоҳ дақиқаи дигар. Ҳо, вақт чӣ хел суст мегузарад. Гўё ки пешашро чим зада бошан. Тезтар ҳаракат кун, вақт, ман шитоб дорам. Ман мурдан намехоҳам. Намехоҳам, ки ҷигарпораҳоям қурбон шаванд! Аз ин нобакорон ҳама разолатро чашмдор шудан мумкин. Барои пулу мол шуда ба ягон ҷонзоти олам раҳм намекунанд. Баъд аз раҳму шафқат ба дунё омадаанд онҳо. Худоё, маро, фарзандонамро дар паноҳат нигоҳ дор. Дар зиндагӣ ба ягон кас бадие накардаам, ки сазовори ҷазоят шуда бошам?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё