Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ў, хеши наздикат чӣ хел «надорам» мегўӣ? Охир, ў хуб медонад, ки дорӣ. Агар надиҳӣ, тамом, вассалом, як умр аз ту хафа, домангир. «Мумсик, дошту надод. Дар рўзи сахтам дасти мадад дароз накард. Илоҳӣ ҳаргиз якат ду нашавад!» – гуфта дар дил дуои бад ҳам мекунад.
Маҷбурӣ, ки диҳӣ. Медиҳӣ. Рўи одам ширин. Сахт ваъдаю миод мекунад, ки ҳоҷаташро барор, худо диҳад, баъди ду ё се моҳ қарзатро бо изофааш мегардонад. Вақти баргардонидани қарз фаро мерасад, як моҳ – ду моҳ мегузарад. Аз хешат дарак не. Баъди се моҳ мебинӣ рў ба рўят пайдо шуд. Туро мебинаду пинакаш вайрон намешавад, худро ба нодонӣ мезанад, аз даҳонаш дар бораи баргардонидани қарз ҳарфе намебарояд. Ба назар чунин мерасад, ки вай нею ту аз вай қарздор бошӣ. Ту ибо карда, ба қарз ишорае намекунӣ, вай бошад таҳи дил хушҳол шуда, дума хода мекунад. Ҳамин хел мешавад, ки хешат рафта-рафта умуман роҳи хонаатро аз ёд мебарорад. Солу моҳҳои дароз мегузарад, вале баргардонидани амонат ба ёдаш намерасад. Аз дода пушаймон мешавӣ. Рў ба рў оию ишорае кунӣ, қаҳраш меояд. «Хайр, мо дур нарафтаем-ку» ё худ «мо бегона не-ку. Имрўз набошад, фардо қарзатро мегардонам «мегўяд бешармона ва боз як соли дигар мунтазир мешавӣ. Вале аз қабр садо меояду аз хешат нет.
Мантиқи зиндагиро бинед, ки оҳиста-оҳиста ба девори хешу таборӣ ва дўстии шумо рахна меафтад, полизи хешу ақрабоиро сел зер мекунад ва буду набуди онро шуста мебарад. Кор ҳатто то дар дараҷае мерасад, ки хешу табори наздик як умр ногап, бегона шуда мераванд. Ана, барои ҳамин ман аз чунин бозиҳои бераҳмонаи зиндагӣ ба худ чунин хулоса баровардам: аз ба ягон кас, бахусус ба одаме, ки дар рўзи сахташ ба имдоди ў меоеду вале вай ҷавобашро намегардонад, қарз дода баъди чанд вақт ганда шудана беҳтараш надода ганда шавам. Хафа шавад, як ҳафта, ду ҳафта, як моҳ хафа мешавад. Баъд фаромўш мекунад. Ин як. Дуюм ин, ки агар дошта бошам ҳам, дар ҳеҷ ҷо лоф намезанам, ки ман пул дорам. Бечора аз бечорагиаш намонад. Ҳоло замони катагию манманӣ нест. Кони зар ёфтӣ, хомўш бош. Хомўшӣ худ ҳазор тиллост».

пешина
аз 315
навбатӣ