ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Медонӣ чӣ – гуфт ў, – духтараки бо ҳамроҳии «Медвед» ба ошхона омада Мария ном доштааст.
Вай ҳамаи воқеаро ба ў нақл карда телеграммаро ба пешаш гузошт. Раҷаб Нуров телеграммаро аз назар гузаронид. «Бародарат дар парвоз, Мария гиря мекунад. Модаркалон»
– Телеграмма баъди чанд рўзи ин воқеаҳо фиристода шудааст? – пурсид аз Салим.
– Баъди нўҳ рўз.
– Бале! Аз эҳтимол дур нест, ки телеграмма ба «Медвед»
тааллуқ дорад. Ин гапҳо ба назари ман чунин маъно доранд: «Бародарат дар парвоз», – бояд Саид дар дами мурдан, «Мария гиря мекунад» – Мария ба ман ёрӣ расонида наметавонад, тез биё. Ў албатта, сари ягон кори дигарро гирифтааст, ки бе ёрии «Менглиқул» иҷро карда наметавонад! Барои ҳамин ҳам ўро ба назди худаш даъват карда истодааст! – гуфт Раҷаб. – Аз рўзи фиристодани телеграмма дур рўз гузаштааст. Менглиқул агар телеграммаро гирифта бошад, ё омада расидааст ё ҳоло дар роҳ аст.
Ту ба ин чӣ мегўӣ?
Салим китф дар ҳам кашид.
– Ту худи сеҳркушоҳо барин гап мезанӣ, дар ҳақиқат ҳам телеграммаро дигар хел маънидод кардан мумкин не, – гуфт вай.
– Ман бовар дорам, маънии телеграмма ҳамин аст! – хитоб кард Раҷаб Нуров.
– Пас чӣ бояд кард? – пурсид Салим.
– Пеш аз ҳама туро ба стансияи «Чу»-и Қазоқистон мефиристонем. Аҷаб не, гиреҳи ҳамаи ин корҳо дар он ҷо бошад! Мо дар ин ҷо чораҳои иловагӣ мебинем. То ба командировка рафтанат муайян кун, ки мабодо аз шўъбаи алоқаи ноҳияи Октябр мўҳр гум нашудааст?! Баъд Мария ном духтар дар он ҷо кор мекунад, ё не?
Беҳтараш ҳозир баромада рав, аз натиҷаи кор моро зуд огоҳ кун.
– Фаҳмо!
– Ба корат муваффақият! – Раҷаб дасти Салимро самимона фишурд.
Раҷаб Нуров корҳои пешбинишударо ҳал карда, барои Салим ба стансияи «Чу»-и Қазоқистон роҳхат гирифт. Ў ҳамаи далелҳои ҷамъшударо бори дигар таҳлил карда, афсўс мехўрд, ки агар Саид ба гап медаромад, гиреҳи бисёр муаммоҳо кушода мешуд.
Ақрабаки соат ба ҳафт наздик шуда бошад ҳам, аз Салим хабаре набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё