ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Салим кори минбаъдаи онҳоро ба таҳқиқ гирифт. Онҳо ба даричаи хурде, ки барои доду гирифт хизмат мекард, омаданд.
Дар паси аппарати алоқа се нафар духтарак саргарми кор буданд.
Миҷозон телеграммаҳои навиштаашонро ба яке аз он духтарҳо доданд.
Духтараке, ки телеграммаҳоро қабул кард, аз ҷояш бархоста ба хонаи тарафи рост даромаду пас аз чанд дақиқа боз ба ҷояш баргашт.
– Маълум мешавад, ки телеграммаҳоро аз ин дарича телефончидухтарон қабул мекунанд, баъд ба телеграф бурда, аз он ҷо ба ҷойҳои лозимӣ мефиристанд, – хулоса баровард Салим ва аз зали мунтазирӣ баромада ба паси бино гузашт. Дари даромад ба телеграф аз он ҷо буд. Дар хонаи телеграф ду духтараки тахминан бист-бисту яксола паси миз нишаста машғули кор буданд. Салим худро шиносонида мақсадашро фаҳмонд. Духтарҳо ба якдигар бо тааҷҷуб нигаристанд. Якаш «мўҳри ноҳияи Октябр дар ин ҷо чӣ кор мекунад?» – гуфта қуттичае, ки дарунаш чанд намуди мўҳр ҷой дошт, бароварда ба пеши Салим гузошт. Салим мўҳрҳоро аз назар гузаронид, мўҳри шўъбаи алоқаи ноҳияи Октябр он ҷо набуд.
– Мебахшед! Рўзи ҷумъа, шонздаҳуми ҳамин моҳ, кӣ навбатдорӣ мекард, намедонед? – пурсид Салим.
– Чаро намедонем, медонем. Ҳамон рўз бо ман духтараке, ки нав ба кор гирифта буданд, кор мекард. Вай ҳамагӣ як соат кор карду баъд гум шуд. Номаш Мария бошад даркор, – ҷавоб дод яке аз он духтарон.
– Мария чӣ хел намуд дошт, либосаш чӣ хел буд, гуфта наметавонед? – боз пурсид Салим.
– Албатта, метавонам! Малламўй, чашмонаш осмониранг, қоматбаланд, куртаи сафед дошт, дастонаш пур аз ангуштарини тилло, дар гўшҳояш ҳам гўшворҳои тиллоӣ дошт. Дар пойҳояш бошад, туфлиҳои пошнабаланди сафед.
– Ягон хел нишонаи диққатҷалбкунанда дошт ё не?
Духтарак аввал, – «Не» – гуфт, баъд:
– Ҳа, ба фикрам дар бари рўи чапаш як холи сиёҳи на он қадар калон дошт, – гўён иқрор шуд.
Салим аз назди духтарон қаноатмандона баромада рост ба дафтари кории Раҷаб омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё