ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вай ҳоло дар озодӣ гаштааст! Намедонем, ки ў боз чи корҳо карданист? Шуморо ба ин ҷо даъват карданам, сабабаш он, ки бо маслиҳат амал карда, қотилро ҳар чӣ тезтар дастгир кунем, то ба қурбонии дигар роҳ надиҳем.
Ман чуниин тахмин мекунам, ки вай ҳоло аз худуди район набаромадааст. Аз ин рў таклиф мекунам, ки назорати беморхона, телефон-автоматҳоро аз пештара дида бештар пурқувват карда, ҳамаи ошхонаҳои ҳудуди район ба зери назорат гирифта шаванд.
Дар роҳҳо одам монда, ҳамагуна нақлиёт аз назар гузаронда шавад. Ба воситаи радиои маҳаллӣ ва нуктаҳои дар колхозу совхозҳо ва дигар хоҷагиҳо буда баромад карда, мардумро огоҳ кардан лозим, агар одами шубҳанокеро бинанд, ҳатман ба прокуратура ва шўъбаи милитсия хабар диҳанд. Боз чӣ хел таклиф ҳаст? – прокурор суханашро ба охир расонд.
Раҷаб Нуров аз ҷой бархост:
– Ман таклиф надорам. Аз сардори шўъбаи корҳои дохилӣ Маҳмуд Мирзоев хоҳиш дорам, ки аз ҳамин рўз дер накарда, ба шўъбаҳои милитсияи районҳои ҳамсоя расми сухании «Медвед»- ро бо воситаи телеграмма фиристода, хоҳиш кунад, ки дар мавриди дар худуди райони онҳо пайдо шудани «Медвед» ҳатман ўро дастгир кунанд.
– Мо аллакай ин корро кардем! – гуфт Маҳмуд Мирзоев.
Бо ҳамин хулосаҳо, ҳама бархоста, аз паи иҷрои супоришҳо шуданд.
Раҷаб ба кабинети худаш омад. Салим ҳам ба кабинети ў даромад.
– Ин кор ба ақли ҳеҷ кас рост намеомад! – гуфт Салим.
– Дуруст, ба ақли ҳеҷ кас рост намеояд. Лекин чунон ки дидем, ба ақли «Медвед» рост омад. Огоҳ карда будем, ки «Медвед» гурги борондидааст. Ҳама ҷоро ба назорат гирифтан лозим, охир ў «авбоши кўчагӣ» не, ҷиноякори таҷрибанок аст. Сайд ба пои худаш омаду лекин онро ба тезӣ раҳо кардем.
Ҳамин вақт занги телефон баланд шуд.
Нуров гўшакро бардошта, бо дили нохоҳам:
– Гўш мекунам, – гўён ҷавоб дод.
– Сардори гурўҳи сеюм Ҷунайдов гап мезанад. Ҳамаи колонияҳои ислоҳоти меҳнатиро санҷида баромадем. Дар ҳеҷ кадоми онҳо дар понздаҳ соли охир маҳбусе бо тахаллуси «Медвед» ҷазо адо накардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё