ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Салим аз паси ў хеле нигоҳ кард... «Дар ҳақиқат ин бемор нафаҳмида ба ин ҷо омадааст» – аз дил гузаронд вай.
«Медвед» аз хомўшии ба амал омада дилтанг шуда дилаш берун аз ихтиёр метапид. «Наход, ин ҷо маро мунтазир бошанд?!
Табиб мешуд, як кас мешуд! Не-не... Инҳо яқин манро мунтазир буданд! Аз ин маълум мешавад, ки ба ин ҷо занг заданамро фаҳмиданд. Кор расво шуд!» Вай лоҳавлона аз палата фаромада боз ба роҳи омад ақиб баргашт. Аз назди духтараки дар паси миз нишастаи ошёнаи сеюм оромона гузашта, ба зинапоя наздик шуд.
Ў ба нисфи зинапоя баромада буд, – «Ҳой, бемор шумо чаро ба он ҷо мебароед?» – гуфтанро шунида ҳаракаташро тезонд. Духтарак ба назди зинапоя давида омада:
– Ҳой! Бемор, фаро мегўям, фаро! – гўён дод зад.
«Медвед» бошад, аллакай ба зинапояи пушти бом расида, нисфи онро тай карда буд. Овози духтаракро Саттор шунида тозон ба назди ў омад.
– Чӣ гап?!
– Як бемор ба он ҷо баромад! Ҳамин қадар фаро гўям, намефарояд, – арз кард ҳамшира.
Саттор яқин кард, ки вай «Медвед» аст. Ў чолокона ба болои бом баромада ба зинапояи пушти хона расида, касеро надида бошад ҳам:
– Ист мегўям! Ист! – гуфта фарёд кард. «Медвед» бошад кайҳо аз он ҷо гузашта дар дили торикӣ гум шуда буд. Такудави нозирон фоидае наовард...
Ҳамин тавр «шикори аввал» барор нагирифт.
То оғози кор ҳоло вақти бисёр буд. Вале дар кабинети прокурор кормандони прокуратура ва коркунони оперативии шўъбаи корҳои дохилӣ бо сардории Маҳмуд Мирзоев ҷамъ омада буданд.
Шароф Маҳмудов аз ҷой бархоста гуфт:
– Рафиқон! Чунон ки медонед, дирўз мо вазифаи худро ба таври бояду шояд иҷро карда натавонистем. Ҷинояткори хавфнокро аз таги биниамон аз даст додем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё