Зеҳн
Робиъаи Балхӣ

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 28 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фурӯ баст аз гаҷу аз хишт роҳаш.
Басе фарёд кард он сарви озод,
Набудаш ҳеҷ мақсуде зи фарёд.
Кӣ медонад, ки дил чун мешуд аз вай,
Ҷаҳонеро ҷигар хун мешуд аз вай.
Чунин қисса кӣ дорад ёд ҳаргиз,
Чунин коре киро афтод ҳаргиз.
Бад-ин зорӣ, бад-ин дарду бад-ин сӯз,
Кӣ ҳаргиз дар ҷаҳон будаст як рӯз?!
Биё, гар ошиқӣ, то дард бинӣ,
Тариқи ошиқони мард бинӣ!
Даромад чанд оташ гирди он моҳ,
Фурӯ шуд он ҳама оташ ба як роҳ.
Яке оташ аз он ҳаммоми нохваш,
Дигар оташ аз он шеъри чу оташ.
Яке оташ зи осори ҷавонӣ,
Дигар оташ зи чандин хунфишонӣ.
Яке оташ зи сӯзи ишқу ғайрат,
Дигар оташ зи расвоию ҳайрат.
Яке оташ зи бемориву сустӣ,
Дигар оташ зи дилгармиву мастӣ.

Кӣ биншонад чунин оташ ба сад об,
Киро бо ин оташ бувад тоб?!

Сари ангушт дар хун мезад он маҳ,
Басе ашъори худ бинвишт он гаҳ.

Зи хуни худ ҳама девор бинвишт,
Ба дарди дил басе ашъор бинвишт.

Чу дар гармоба деворе намондаш,
Зи хун ҳам низ бисёре намондаш.

Ҳама девор чун пур кард ашъор,
Фурӯ афтод чун як пора девор.

Миёни хуну ишқу оташу ашк,
Баромад ҷони ширинаш ба сад рашк!

Чу бикшоданд гармоба дигар рӯз,
Чӣ гӯям ман, ки чун буд он дилафрӯз.

Чу шохи заъфарон аз пой то фарқ,
Вале аз пой то фарқаш ба хун ғарқ.

пешина
аз 28
навбатӣ