Робиъаи Балхӣ

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 28 саҳифа
Робиъаи Балхӣ
Соли таваллуд ва вафоти Робиъаи Балхӣ ё ки Қаздорӣ аниқ маълум нест. Аз нақли саргузашти ӯ бо устод Рӯдакӣ ва бародараш – Ҳорис, ки амирзодаи замони Насри II аст, маълум мегардад, ки дар нимаи якуми қарни даҳи милодӣ зиндагӣ кардааст ва умри дароз ҳам надидааст, зеро дар айни ҷавонӣ ба таври фоҷиъавӣ ҳалок гардидааст.
Робиъаи Балхӣ тибқи иттилоъи тазкираҳо ва дигар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ духтари ҳокими Балх – Каъби Қаздорӣ буда, дар Балх таваллуд шудааст. Падараш аслан арабнажод аст.
Вай дар хонадони падар таҳсили илм карда, соҳиби дониши баланд ва истеъдоди комил будааст, ки аз шеърҳояш ҳувайдост. Муҳаммад Авфӣ дар тазкираи худ Робиъаи Балхиро шоираи аҳди Ғазнавиён мешуморад, аммо ин маълумоти вайро маъхазҳои дигари адабиву таърихӣ тасдиқу таъйид намекунанд.
Аз рӯйи нақле, ки Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи «Маҷмаъу-л-фусаҳо» аз достони «Илоҳинома»-и Шайх Фариддини Аттори Нишопурӣ овардаанд, ҳокими Балх – Каъб пеш аз вафоташ ба писари худ – Ҳорис васият мекунад, ки ба хоҳари ягонааш, ки номи фахриаш Зайнулараб будааст, ғамхорӣ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё