Робиъаи Балхӣ

Зи Ҳорис Рӯдакӣ огаҳ кай буд,
Ки ӯ масти шеъру масти май буд.
Зи сармастӣ забон бикшод он гоҳ,
Ки шеъри духтари Каъб аст, эй шоҳ!
Ба сад дил ошиқ аст ӯ бо ғуломе,
Дарафтодаст чу мурғе ба доме.
Замоне хӯрдану хуфтан наронад,
Ба ҷуз байту ғазал гуфтан наронад.
Агар сад шеър гӯяд пурмаъонӣ,
Бари ӯ мефристад дар ниҳонӣ.
Гар ӯро ишқ чун оташ набудӣ,
Аз ӯ ин шеър гуфтан хуш набудӣ!
Чу Ҳорис ин сухан бишнид, бишкаст,
Агарчи сохт худро он замон маст.
Чу алқисса ба шаҳри хеш шуд боз,
Зи хоҳар дар ниҳон медошт ин роз.
Вале ин ғусса меҷӯшид ҷонаш.
Ниҳон медошт пинҳон ҳар замонаш.
Ки то бар вай фурӯ гирад гуноҳе,
Бирезад хуни ӯ бар ҷойгоҳе.
Ҳар он шеъре, ки гуфта буд он моҳ,
Фиристода бари Бектош ҳар гоҳ.
Ниҳода буд дар дурҷе ба эъҷоз,
Сараш баста, ки натвон кард сар боз.
Рафиқе дошт Бектоши суманбар,
Чунон пиндошт к-он дурҷест гавҳар,
Сараш бикшоду он хатҳо фурӯ хонд,
Ба пеши Ҳорис оварду бар ӯ хонд.
Дили Ҳорис пуроташ гашт аз он роз,
Ҳалоки хоҳари худ кард оғоз.
Дар аввал он ғуломи хосро шоҳ,
Ба банд андар фиканду кард дар чоҳ.
Ба охир гуфт то як хона ҳаммом,
Битобанд аз пайи он симандом.
Шаҳ он гаҳ гуфт то аз ҳар ду дасташ,
Бизад фассод раг, аммо набасташ.
Дар он гармоба кард он гоҳ шоҳаш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё