Зеҳн
Робиъаи Балхӣ

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 28 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бибурданду ба обаш пок карданд,
Диле пурхун ба зери хок карданд.
Нигаҳ карданд бар девор он рӯз,
Навишта буд ин шеъри ҷигарсӯз:
«Нигоро, бе ту чашмам чашмасор аст,
Ҳама рӯям ба хуни дил нигор аст.
Зи мижгонам ба селобам супурдӣ,
Ғалат кардам, ҳама обам бибурдӣ.
Рабудӣ ҷону дар вай хуш нишастӣ,
Ғалат кардам, ки дар оташ нишастӣ.
Чу дар дил омадӣ, берун наёӣ,
Ғалат кардам, ки ту дар хун наёӣ.
Чу аз ду чашми ман ду ҷӯй додӣ,
Ба гармоба маро саршӯй додӣ.
Манам чун моҳие дар тоба охир,
Намеойӣ ба ин гармоба охир.
Насиби ишқам ин омад зи даргоҳ,
Ки дар дӯзах кунандаш зинда ногоҳ.
Ки то дар дӯзах асроре, ки дорад.
Миёни сӯзу оташ чун нигорад
Ту кай донӣ, ки чун бояд навиштан,
Чунин қисса ба хун бояд навиштан!!
Чу дӯзах з-он биҳиштирӯй дорам,
Биҳиште нақд аз ҳар сӯй дорам.
Чу дӯзах омад аз Ҳақ ҳиссаи ман,
Биҳишти ошиқон шуд қиссаи ман.
Се раҳ дорад ҷаҳони ишқ акнун,
Яке оташ, яке ашку яке хун.
Кунун ман бар сари оташ аз онам,
Ки гаҳ хун резаму гаҳ ашк ронам.
Ба оташ хостам ҷонам, ки сӯзад,
Чу дар ҷони ту натвонам, ки сӯзад.
Ба ашкам пойи ҷонон мебишӯям,
Ба хунам даст аз ҷон мебишӯям.
Ба ин оташ, ки аз ҷон мефурӯзам,
Ҳама хомони оламро бисӯзам.
Аз ин ашк он чи меояд ба рӯям,
Ҳама ношустарӯёнро бишӯям.

пешина
аз 28
навбатӣ