Сояҳои шикаста

Не, не, бевафоии ў маро батадриҷ хастадил мегардонд ва бахти муҳаббати эшон хеле барвақт буду ман аз он бо як дили софу беғубори худ бехабар монда ва гумон мебурдам, ин назарбозиҳои Зебо аз рўи ишқ асту балки шигифтии хаёли кунҷкову завқёб аст. Вале ман хеле хато карда будаам. Он муҳаббати хоин будааст. Он дили ноустувор будааст. Он ақли орзупарвар ва худбину баландписанду кўтоҳандеш будааст.
Хотири ман ба ин ҳама дар ҳолате огаҳӣ ёфт, ки дар дами падрудгўии зиндагӣ будам шаш моҳ дар бемористон хуфта.
Гўш кун, бародар, ки ин зиндагии айёми мо бар сарам чӣ гуна бадбахтиҳоро чу селоб якбора фурў рехт. Ман, чунон ки бад-ин зиштрўӣ, мебинӣ, набудам. Рухсоре тоза ва дилбар доштам, ки Зеборо маҳз ҳамин зебогии ман ба ман пайваста буд. Ман он гаҳ аз бевафоии ў хабар ёфтам, ки маро дар олами ҳақгўии андешаҳо танҳо гузошт.
Гўш кун, бародар, кори номзадиям тамом шуда, танҳо ҳамин монда буд, ки онро дар таҷрибагоҳи химия бисанҷам ва пешкаши аҳли Шўрои илмӣ кунам.
Қариб ҳамеша корам ҳамон ҷо буд ва баъзан баҳри нимкола намондани таҷрибаҳо тамоми шаб ба хона намерафтам, шаби худро дар назди колбаҳову найчаҳо ба рўз меовардам. Ва чун субҳ медамид, Зебо ба наздам ҳозир мешуд ва борони надоматҳоро бар сарам меборид, ки аз паи илм шуда, ғами оиларо намехўрам ва аз саломатии худ андеша надорам.
Чунон ки баъд фаҳмидам, ин рафтори ў танҳо барои он будааст, ки дилашро нисбат ба ман хунук гаронад ва барои аз ман ҳарчи зудтар ҷудо шудан роҳ ҷўянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё