Сояҳои шикаста

ки ҳатто аз берун шунида мешуд, гуфт:
– Чаро чун ин тифл набошам?
Ба кўча баромад. Офтоб гарму рўшан нурпошӣ мекард.
Ў якбора аз ҷои хобаш парида хест. Сару рўяшро арақи сард пахш карда, ранги рўяш чу дока канда буд. Наход, ки то ба ҳамин дараҷа тағир ёфта бошад-а?
Наход, ки ман ҳамон бошам-а? Чанд лаҳза болои рахти хоб нишаста, ҳамин зайл андеша меронд.
Ҳама ҷо ором. Таҳо садои ҷорўбзании Фариштахола аз рўи ҳавлӣ шунида мешуд. Сараш ҷириккос мезад аз дард.
Ў аввалин бор дар тўли панҷоҳ соли умраш аз худ пурсид, худро ҷуст. Ҳеҷ боварваш наомад, ки зиндагӣ ба ў то ба ин дараҷа бераҳмиву сахтӣ карда бошад. Ў то ҳамин дам ин дарди рўзгори сипариро дарк накарда буд.
Афсонаи зиндагӣ
Ў соғари пиворо ба дастонаш гирифта, то дергоҳ ба чашми дурбин ба он нигарист ва аз дил оҳи ғам ба фазо сар дода, ба сухан даромад.
– Зиндагӣ – ин афсона аст. Афсонае, ки моро гоҳ ба олами ваҳм, гоҳ ба ҷаҳони андўҳ ва гоҳ ба диёри нишот мебарад. Гўш кун, ба ту афсонаи хурде мегўям: Ҷавони зеборўе ҳамеша, ҳама вақт дар даст гулдаста ба рўи хараки дар зери чинор будаи сари роҳ менишасту менишаст, то он даме, ки ситораҳо дар осмон намудор намегаштанд. Вақте, ки дар роҳгузарҳо касе намемонд, оҳе мекашиду сўи хонааш раҳсипор мегашт ва гулдастаи тару тозаеро, ки дар дасташ паҷмурда мешуд, ба сўи об рафта равон якто-якто мепартофт. Дар он ҷое, ки охирин гулро ба об мепартофт, хеле меистод ва то ғойиб шудани гул ба он менигарист.
Дар яке шабҳои маҳтобӣ, вақте ки ў ба охирин гул хайрухуш мекард, сарвқаде аз об гулчинон мебаромад ва гулҳоро дар худ нигоҳ медошт. Ў сар боло кард ва дар баробари худ ҷавонеро дид, ки ба сўяш табассуми ширине, ки аз дили беғаш чашма дошт, мекард. Ў ҳарфе назад ва гулдастаро ба ҷавон баргардонду ба роҳи худ равон шуд.
Ҷавони зеборў ҳар рўз то баромадани ситораҳо бо гулдастае ба рўи хараки ба зери чинор будаи сари роҳ менишаст ва дар бевақтии шаб амали ҳамешагии худро такрор мекард ва дамидани рўзро интизорӣ мекашид. Шабҳои дарозу рўзҳои кўтоҳ мегузаштанду мегузаштанд ва ҷавон дар сари роҳ нишаста, баромадани хуршедро мепоид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё