Сояҳои шикаста

Ў хомўш монд. Ашки чашмон ба рўи пур аз ҷароҳати хеле зиштгардидааш мерехт ва дили касро реш мегардонд. Гиряи пурдардаш аз рўзгори бераҳму сахтгир сарчашма дошт.
Мушкилтар аз ин нест, ки одам ба ҳоли худ бигиряд ва андешаҳои хешро бо айёми хуши кайфиятбахшаш бипайвандад, ки худ сарчашмаи ашки пурдард аз он бархезад.
Дар ин сурат ҳеҷ чиз пеши андўҳро дошта наметавонад, зеро ки он аз қатраҳо баҳри дамон гардидааст. Он ашк тамоми садҳоро шуста, аз пеши роҳи худ ба дурҳои дур мепартояд. Дар ин вазъ аз дидани чеҳраи ваҳшатангезаш дар дили шумо ба ҷои ваҳм раҳм пайдо мешуд ва аз дидани ҳолаш ашк беихтиёр ба рухсораҳоятон иззи шодӣ мешуст. Ман худро базўр нигоҳ медоштам ва ҳикояти аламангези ўро мешунидам. Охир, ў акнун фурсат ёфта, дарди дилашро кафонда, холӣ мекард ва пош медод. Пас аз сукути дурударозамон хостам, ки аз ў пурсам: «Сабаб чист, ки ту ба ин ҳол гирифтор гардидаӣ?», вале ў аз нияти ман пай бурда, маро фурсат ба лаб кушодан нагузошт.
– Не, не, ту сабр кун, ҳоло аз нақли дурударози ман дилгир мегардӣ ва роҳи аз ман тез ҷудо шуданро меҷўӣ. Бале, ман хеле нағз мефаҳмам. Ман ба касе дарди дил накардаам ва ба касе дилам ифшои ин розро ба ҷуз ту кушодан нахост. Зеро ман дар чеҳраи ту осори ҷавонмардиву ҳимматбаландиро мехонам.
Аз ҳамин рў ту, эй ҷавон, дар дилам раҳ ёфтӣ. Барои ҳамин ҳам рўзгори талхи худро танҳо ба ту мегўям.
Гўш кун
Ман ҳам, ба айёми ҷавони ҷавонӣ зебо ва хушрў будам ва ақлам гиро ва тавоно буд, вале аз он кунун ба ҷуз бадбахтӣ дигар чӣ суде дидаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё