Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Шумо қиссаи мору занбўру мусичаро шунидаед? Пас гўш кунед: Бобом мегуфт: Мор ба Занбур фармуд: Дар олам бигард, аз гўшти ҳама махлуқот бичаш ва бар ман муайян кун, ки кадомӣ ширинтар.
Занбўр гирди олам бигашт, аз гўшти ҳама махлуқҳо бичашид ва ширинтар аз гўшти одамӣ наёфт. Хурсанду шодон ба сўйи Мор баргашт ва дар роҳ бар Мусичае дучор омад. Мусича аз ў пурсид, ки эй бародар, аз куҷо меоӣ ва қасди куҷо дорӣ? Занбўр ҳикояти ҷаҳонгардии худ як ба як ба Мусича бозгуфт.
Мусичаро раҳм бар одамӣ омад. Гуфт: Чӣ ширин хабаре! Биё аз забонат бўсам.
Занбўри ғофил забонашро берун овард ва Мусича онро газиду партофт. Мусича ба ин амалаш ҷони одамиро харид. Пас ҳикмати ин тамсил чист? Эй ғофилон, ман мусичаи шумо ҳастам! Ман харидори ҷони шумо ҳастам! Забони ин пирсагро бибуред!
Забони мўйсафедро буриданд. Риши сафедашро канданд...
Ў болои деҳи пурдуд парвоз мекард, бо сўйи фурўғи субҳ парвоз мекард. Вале деҳ шом надошт, субҳ надошт. Уфуқҳояш сўхта буд, уфуқҳояш ба мисли чашми хаставу бемор хун гирифта буд. Домони уфуқ хунолуд буд. Ва гове аз фаросўйи ин дарёи хунин ба пайдо омад. Ду шохи чамбараш заррин буд.
Ту гўйӣ фурўғи Меҳрро бар шохҳояш насб карда буд. Чӣ зебо буд! Бо суръати бод меомад ва аз зери сумҳояш дар паҳнои осмони торик тухми ситора мекорид. Ин бешак ҳамон Увагдот буд, ки бар пушташ Арватаднарро меовард. Ў ба сўйи мўйсафед меомад.
Вале савораш Арватаднар набуд. Балки Меҳр буд, ки бо гови нахуст, бо Яҳмус пархош мекард. Балки Ковус буд, ки ҷобирона ўро ҳалок менамуд.

пешина
аз 341
навбатӣ