Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Оре, ў буд, ки ҳофизи марзи – Ирону Тўронро мекушт.
Ва ҳотифи ғайбӣ бар гўши мўйсафед мегуфт:
– Эй пири саргардон, ин манам, Фарҳод, фарзанди ту. Посбони марзу буми хешро дарёб...
Қатраи борон мазаи хун медод.
Ҳавои мартуб бўйи ганди наъш мекард.
Мўйсафед урён буд. Дар канори мурдаи арўси
Фарҳод хуфта буд.
Эй дареғ, ў барои Фарҳод гўр кофта буду акнун арўсашро ҷойи ў ба хок месупурад.
ПАДРУД, ЭЙ ТИФЛИ САОДАТ

Яздонпараст якбора аз ҷои хобаш парида хест.
Ранги рўяш парида ва тамоми баданашро арақи сарф пахш карда буд. Дилаш аз изтироб тез-тез мезад ва нафасаш канда-канда мебаромад.
Пирғаҳои нуру офтоб дили оинаи тирезаро сўрох карда, ба рўи кати хоби ў меафтиданд. Барги нўги шохи дарахти себ, ки аз хонаи хоби ў менамуд, аз камтарин вазиши насими субҳгоҳӣ меларзид ва суруди тасаллобахши худро такрор менамуд. Садои ҷорўбзании Фариштахола аз рўи ҳавлӣ ба гўш мерасид. Ў ҳамоно, чу кунда, карахт болои рахти хоб менишаст. Сараш сахт дард мекард. Ҳеҷ фаҳмида наметавонист, не, ҳеҷ ба ақл бовар кардан намехост.
Ў дар тўли панҷоҳ соли умраш аввалин бор худро, аниқтараш тифлиашро ба хоб дид.
Не, ҳеҷ бовараш намеомад. «Наход, ки зиндагӣ ба ў то ба ин дараҷа бераҳмиву сахтӣ карда, боз ўро дар ғафлат гузошта бошад». Не, ҳеҷ мумкин нест! Ў ба фикр фурў рафт ва хост, ки ба таҳқиқи гузаштаи хеш пардозад, вале нашуд. Аз ҷояш хеста, ба назди столи кориаш омад ва албомашро кушода, ба ҷояш нишаст. Сурати ду тифли хушрў пасу боло дар варақ часпонда шуда. Ў бодиққат ба он атфол нигаристу нигарист. Оинаро гирифта, ба наздаш гузошт ва ба акси худ нигарист, дилаш сард шуд ва пардаи андўҳи ниҳонӣ онро пахш намуд. «Наход ҳамин тифли хушрў, – нигоҳашро аз сурати тифли болоӣ наканда гуфт, – ман бошам. Охир дар чеҳраи ў як шодии лотасвир ва дилрабои кўдакона бозӣ мекунад. Аз чашмонаш барқи шодӣ меҷаҳад. Ҳеҷ мумкин нест. Ман ў нестам».

пешина
аз 341
навбатӣ