Сояҳои шикаста

Ва дар зери хавозаи токи ҳавлии масчид рў ба сўйи осмон мехобид ва оламро фаромўш мекард. Аз хўшаи расидаи ангури ҳусайнӣ шарбати сурх мечакид. Дар коми мўйсафед таъми хун медод.
Се рўз буд, ки зиндагии мўйсафед бад-ин минвол миёни хобу бедорӣ бо чунин ваҳшат мегузашт.
Эй хушо бар ҳоли онҳое, ки наҷот ёфтаанд!
Дунё торик буд. Осмон на моҳ дошту на ситора Ва зузанабе, як ситораи дунболадоре аз каронаҳои ин олами бекарон ба пайдо омад. Мавҷе аз фулузи гудохта бар ҷой гузошт. Мўйсафед бо пойи урён рў-рўйи он фулузи гудохта роҳ мепаймуд. Гармии ширро зери кафаш, кафи пуробилаву захмияш эҳсос мекард ва ҷонаш роҳат меёфт. Ҳар қадар, ки пеш мерафт, ҷисми хостаашро сабуктару тавонотар, бардаму чолоктар ҳис менамуд. Пойҳояш аз шодие, ки ин лаҳзаҳо тамоми вуҷудашро ба ҳаяҷон оварда буд, ба сўйи манзили мавъуд медавиданд. Ў аз замин канда шуда буд. Дигар аз дунболи зузанаб мерафт, балки медавид. Аз қазо зузанаб нопадид шуд ва дар он ҷое, ки он нопадид шуда буд, духтаре бо зеботарин чеҳра ба пайдо омад, ки ду кас аз ду ҷонибаш ўро раҳнамоӣ мекарданд. Ў аз сўйи баландтарин фурўғ меомад. Ў ҳотифи ғайб буд, ки ба сўйи мўйсафед нидо медод:
– Малкушон!
Мўйсафед беихтиёр такон хўрд ва бо биму ҳарос ба тарафи шимол нигарист. Дигар дар худ он сабукиву боландагиро эҳсос намекард. Аз фулузи гудохта пояш сўхт. Ҳанўз нидои ин ҳотифи ғайбӣ чун тундаре дили зулмотро медаронд: «Малкушон!...» Ва боде сард аз ҷониби шимол мевазад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё