Сояҳои шикаста

Навиди тўфон.
Навиди зимистони сарду сербарф, борону сел. Навиди харобиву ҷанг, маргу мур. Аз ин тўфон замин вайрон, махлуқот нобуд хоҳанд шуд. Малкушон – ин деви муҳибу ҳавлнок бар меғи сиёҳ савор меояд. Ў се сол ҳукумат хоҳад кард. Растохез фаро хоҳад расид.
«Ин хашми Баҳром аст!» Бо андўҳи гарон меандешад мўйсафед.
Ва раҳи зузанаб кўр мешавад. Ҷаҳон аз карон то бекарон торик аст.
Мўйсафед ҳамчун киштирони моҳир Поурва забон ба ниёиш мекушояд. Ҳамчу пили пирўзманд Фаридун вайро дар ҳаво ба сурати симурғ пешвоз мегирад. Ў се шабу се рўз мешавад, ки гирди хонаи хеш дар парвоз аст, вале сари калобаашро гум карда буд ва ё дар ёди хонааш набуд, ки ба он ҷо фуруд омадан наметавонист. Фақат ин нидои башоратдиҳанда аз як фарҷоми шўм ўро бо худ овард. Ва нидо дардод: «Эй муқаддасе, ки ҷон афзоӣ, эй муқаддасе, ки фазояндаи гетӣ ҳастӣ, эй фазояндаи галаву рама, эй фазояндаи сарват, эй фазояндаи мамлакат, эй поккунандаи нутфаи мардон, эй поккунандаи машимаи занон барои зойиш, эй осонкунандаи зойиши занон, эй ба ҳама занони ҳомила дар мавқеъ ширдиҳанда!...
Эй Ардависур Ноҳид, биштобу маро инак паноҳ деҳ...»
Ў аз макони Баландтарини Фурўғ ба сурати духтари зебое бисёр барўманду хушандом, камарбанд дар миён баста, ростболо, озоданигору шариф, кафшҳои дурахшон пўшида бо бандҳойи заррин, ба сўйи ў пойин омад. Ва аз бозувони мўйсафед маҳкам дошта, фарёд зад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё