Сояҳои шикаста

Ҳикояхо
КОБУСҲО
Ё
ГЎРИ БАҲРОМ
Мўйсафеде ташнаву гурусна, хаставу бемор, не дар тан рамақ, не дар пой мадор, кашол-кашол, рўй-рўйи нақши пойи хеш севум бор буд, ки атрофи деҳро давр мезад ва ба ҷое бармегашт, ки аз он ҷо роҳпаймоияшро, балки фирорашро ба сўйи диёрҳои бегона оғоз карда буд. Вале ҳайҳот, ҳеҷ набуд, ки ба ҷое бирасад. Гўё чун сутуре бар ҷувозе баста буд.
Гирди як меҳвару кундае чарх мезад. Ва як замон худро ҳини бар деҳ парвоз карданаш медид. Балки медид: деҳ зери пояш чарх мезанад, мисли гарди вайронаҳо дар гирдбодҳо, мисли дуд дар ҳавои сарди зимистон, ба чархушт. Ў дигар чун пари коҳе асири панҷаи ин гардиши бенизом шуда буд. Дунё даруни сари ў ба суръати тунде мечархид. Ва дар қаъри жарфойи халои андеша садои онро мешунид. Дигар нафасаш мегирифт. Боли парвозаш мешикаст. Гавҳараки чашмаш парда кашида.
Ба сад забон фарёд задан мехост, вале чун дарахтони сўхтаи боғҳои он деҳ буд. Маҷоли фарёд задан надошт.
Ҷуръати нафас кашидан надошт. Бўйи бади мурдаҳо ҳаворо ғализ карда буд. Ва гўрҳои холӣ бо даҳони боз ба сўяш менигаристанд. Ў чун кулўхе, беҳуш беёд ба замин меафтод. Ба ҷойи афтодааш аз замин хун медамид.
Ў дигар ба пой хестан наметавонист. Оғушта ба хоку хун дилғеҷ аз кўчаҳои бепасу холӣ, худро ба масҷиди сўхтаву фурўҳиштаи деҳи мурдаҳои гандидаву бадбў мекашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё