Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз дару девор, о зобу хок бўи ганд меомад.
Ҳама чиз гандида буд, балки зиндагӣ бо ҳама мавҷуди зиндагиву мурдааш билкул пўсидаву гандида буд.
Борон шиддат гирифт. Бод тунд мевазид ва дарахтони хушкидаву кирмхўрдаи рўйи ҳавлӣ ба дард нолиш мекарданд. Дигар садои сурфаи мардум ба нолаву фиғони сўгворона табдил ёфта буд. Ҳар лаҳза садои гурўҳои одамони тобутбар меафзуд. Мўйсафед дар зеҳнаш мешумурд: як…ду…се…чор…
панҷ. Ва то намози дигар ин адад ба ҳаждаҳ расид. Ў дар зеҳнаш фақат мурда мешумурд. Дар андешааш ба ҷуз шумори мурдаҳо, ба ҷуз мурдаҳо чизе набуд.
Дар димоғаш ҷуз бўи мурдаҳо дигар чизе набуд. Нафас мекашид ҳавои мурда буд; хўрок мехўрд – ғизои мурда буд; об мехўрд – оби мурда буд.
Худоё ин чӣ кобус аст?! Магар кобус аст! Агар кобус нест, пас ин чӣ воқеият аст? Оё воқеият аст?!
Магар мумкин аст?! Магар ин на кобус асту на воқеият, пас чист, эй мардум? Пас башоратам диҳед, ки ман нестам.
Ва ин зиндагӣ нест!
Ва ман дар фаросўйи воқеият, дар фаросўйи зиндагиву кобусҳои даҳшатангезаш қарор дорам.
Ва ин дўзах аст!
Башоратам диҳед эй мардум! Орому қарорам бахшед, эй мардум! Бигўед, фақат бигўед: Ту нестӣ!
Вассалом! Гўш ба қимори посухи шумо мондаам.
Ва ашк аз чашмонаш сарозер мешавад.
Ва шиддати боду борон паст мешавад.
Ва шафақ хунолуд мешавад.

пешина
аз 341
навбатӣ