Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин рашку худпарасти ту аст, мефаҳмӣ? Сабаби тўят ҳам ман шудам, ман мефаҳмӣ? Барои ту на Гулчеҳра балки Соҷида лозим аст. Биё падару модар мўйсафед шудаанд, ҳамонҳоро дар охири умрашон наранҷон, кулфат надеҳ.
– Не, онҳо ҳеҷ гоҳ аз ман нахоҳанд ранҷид, боз дилашонро меёбам. Ман худи пагоҳ телефон мекунаму ҳамаашро мефаҳмонам, як тараф ист. Тасаввур кун, ки ҳамин хел шахсро ҳеҷ гоҳ надида ва нашинохта будаӣ.
– Чӣ?!
Нодир дасти бародарашро аз китфаш гирифта, баргашта ба дигар тараф роҳӣ гашт.
Ист, ин тавр накун. Ҳеҷ гаҳ ба ин рафторат нағз шуда наметавонӣ. Тамоми умр…
Ҳаво сарду кўчаҳо серодам буд. Боди изғиринг сару рўи одамонро мелесид. Нодир аз издиҳоми мардум нопадид гашт. Бародараш ба мошин нишаста, ба роҳи муқобил сўи хонааш рафт.
Дар ҳамин ҷо тақдири Нодирро ба ту ҳавола мекунам, эй хонанда, ту ўро аз даруни андешаҳо ба роҳе, ки мехоҳӣ, бубар. Тақдирашро ту ҳал кун! Ман ин амонати худро ба ту месупорам.

пешина
аз 341
навбатӣ