Сояҳои шикаста

– Хайр, фарз кардем, ту бо ин духтар хонадор шудӣ, хушбахт шуда метавонӣ.
– Албатта.
– Ба ин боварӣ дорӣ. Аз ҷўшиши ғурур ба ман сухан нагўй. Ман мехоҳам ба ман на аз рўйи ҳиссиёти баланди ошиқона сухан кунӣ, худатро дар ҷои одами солрафтае гузору ба ман аз рўи ақл ҳақиқатро кушой.
Шумо имрўз маро барои ҳамин ба сайр таклиф кардед, то ки аз дилу нияти ман хабардор шавед ва монеи он шавед. Зўри бефоида… Ҳеҷ гоҳ. Мошинро доред.
– Барои чӣ?
– Намехоҳам, намехоҳам дигар ба шумо гўш кунам. Бас. Аробакаш тавба кард. Доред, вагарна худамро мепартоям.
– Ба куҷо меравӣ? – мошинро дошта, аз Нодир пурсид.
– Ғайр аз ба назди шумо дигар ба ҳама ҷо.
– Хона чӣ хабар фиристам.
– Мурд! – сахт дари мошинаро зада, дур шуда рафт.
Бародараш мошинро аз паси ў ронда, аз вай гузашта, қарор дода, берун баромада истод. Нодир хост ба дигар тараф гардад, вале ба ин азмаш бародараш халал расонд. Чашмонаш пур аз ашк буд.
– Ана дидӣ, ту ба ин хислати нозуку нафисат ҳеҷ гоҳ то охири умр бо Гулчеҳра муносибат карда наметавонӣ. Гўш кун, охир, ман бародари калонии туам, душман не-ку? Ман ҳам ҳеҷ гоҳ намехоҳам туро бадбахт бинам… Ту касалие дорӣ, ки туро бо чунин духтарон бадбахт мегардонад. Вале ин касалӣ ба назари худат ҳеҷ гоҳ нанамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё