Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хулласи калом, аз ҳар ҷиҳат хушбахт буданду аз як тараф норасоӣ доштанд. Дар атрофашон аз тарҷумонҳои забардаст ақаллан ду-се нафар набуд, ки дар аснои тарҷумаи ривоятҳои машҳур он қадар ҳам бандаи ҳарф нашуда, озодтар, ба ибораи дигар гӯем, эҷодкоронатар тарҷума кунанд, то ки баъд касе ин ривоят аз фалон ҷо, ин ҳикоят аз фалону беҳмадон китоб айнан гирифта шудааст, гуфта хурдагарӣ накунад…
– Ё ду-се адиби мумтоз набудааст, ки ба Тавроту Инҷил назаре накарда, ба сари худ ҳикоят ва ривоятҳо бофад.
– Боракалло.
– Пас, чӣ мешавад? Рӯзе расаду мардум аз таърихи пайдоиши ривоятҳои муқаддас пай баранд, чӣ мешавад, мегӯям. Ёд дорӣ, боре гуфта будӣ, ки худованд дар қуръони маҷид нависондааст, ки қиссаи Юсуф ва Зулайхоро мо эҷод кардаем?
– Бале, сураи дувоздаҳуми қуръон аз достони «Юсуф ва Зулайхо» иборат аст, ки аз Таврот айнан бардошта шудааст.
Ба Таврот бошад, аз афсонаҳои қадима даромадааст. Аммо дар ояти савуми ин сура гуфта мешавад: «Ин беҳтарини қиссаҳост, ки мо (яъне худованд) дар қуръони худ кашф фармудаем».
– Дар он тарафҳо калимаи лотинии plagium ё плагиат, ки маънояш асардуздист, аз афти кор, маълум нест?
– Ғайр аз қуръони маҷид ва ду – се китоби дигари динӣ асаре набошад, ба асардӯздӣ кӣ кор дорад?
– Хайр, азизам, шабат хуш. Фардо ба кӯҳи Арафот ва рӯзи арасот меравӣ ва туро ҳоло истироҳат лозим аст…

пешина
аз 247
навбатӣ