Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

АРАФАИ АРАФОТ

Қабл аз намози бомдод ба ҳарам рафтем. Атрофи каъба ҳамчунон аз одам лиқ пур буд. Оби зам-зам дар талош. Байни Сафову Марва юриши хоҷиён идома дорад, садои саидон ва ҳоҷиён дар сақфи айвонҳои бузург печ мехӯрад. «Аспи ҷувоз», ки як вақтҳо пайғамбарони серҳавсала ба ҳаракат андохта буданд, ҳамчунон дар гардиш.
Овози муаззин ва имомро ҳангми намоз бо радиодинамикҳои пурқувват транслятсия мекарданд. Динамикҳо дар ҳар ҷои айвонҳои даруну берун, дар манораҳои баланди сари ҳарам устувор карда шудаанд.
Имом оятҳоро бо овози муқаррарӣ мехонад, вале ҳамин ки «оллоҳу акбар» гуфт, муаззин ин ду калимаро аз нав такрор мекунад. Бо овози баланд, ба оҳанги кашишдори кадом як суруди ҳазини туркӣ дароварда такрор мехонад. Бидуни оҳанги маҳзунона ҳам дар ибораи «оллоҳу акбар» эътирофи оҷизонаи қувваи илоҳӣ ифода ёфтааст. Оҳанги кашолу печу гардишдор ва дар анҷом тадриҷан паст шударавандаи муаззин ба ин калимот боз тобиши илтиҷову тавалло, эътирофи то ба дараҷаи ниҳоят нотавону оҷиз будани инсонро илова мекунад.
Дили одам, яқин, бузургтарин зарфест дар олам. Шодӣ ё ҳузнеро, ки гоҳо ба дил мегунҷад, ҳеҷ зарфе ёрои гунҷоиш надорад.
Вақте ки ба манзили худ бармегаштем, дуконҳои тангкӯчаи мо, ба ҷуз дукони нон, баста буданд. Дар ду тарафи тангкӯча катҳои чӯбини яккаса қатор гузошта шуда буданд. Мусофирон адои намоз карда, ба давом додани хоби саҳарашон омода мешуданд.
Ҳамсафарони ман ҳам ҳар яке дар гӯшаи худ дароз кашиданд.
Хоб гурехт. Берун баромадам. Ростӣ, ин ҷоро берун ҳам гуфтан намешавад. Ҳавлиҳои серошёнаи араб сохти аҷоибе доранд: ҳамин ки аз дарвозаи ҳавлӣ даромадед, рӯи осмонро фақат аз тиреза мебинед.

пешина
аз 247
навбатӣ