Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Бо зинаи хокӣ ё хиштӣ боло мебароед, баъди ҳар 4-5 поғунда зина ба дасти рост печ мехӯрад.
Дар ҳар печи он ё дари таҳоратхона, ё дари ошхона, ё хонаи истиқомат воқеъ гаштааст. Дар гӯшаи таҳоратхона аз семент хаммае сохта онро аз об пур карда мондаанд. Обро ятимон аз ким-кадом маҳалла аз чоҳи артезианӣ бо кашшак мекашонанд.
Ҳамин гуна ҳаммаи об дар пойгаҳи хонаи истиқомат низ ҳаст, вале аз поёни он ҷурмаки обгирӣ шинонидаанд. Оби партов так-таки девор бо ҷӯякҳо ҷорӣ шуда, ба яке аз таҳоратхонаҳо рафта мерезад.
Ба гардишгоҳи зинаи мобайни қабати се ва чаҳорум баромада тамоку кашидам. Дар девор сӯрохе ҳаст, ки хизмати тирезаро адо мекунад ва аз он нисфи шаҳр намоён аст. Дар аксари ҳавлиҳои ин ҷо тиреза нест, ё ҳасту оина надорад. Дар зимистон ҳам сармо намешудааст, бинобар ин ҳоҷат ба тиреза набудааст.
Шаҳри ҳазорсола ҷомаи куҳнаро монанд мешудааст, ки аз порчаҳои матои нав дарбеҳи фаровоне дорад: дар ҷое бинои 6-
7 ошёнаи нави сурху сафед қад барафрохтааст ва тарҳаш виллаҳои давлатмандони америкоиро ба ёд меорад. Дар атрофи вай – ҳавлиҳои пастаки якқабата ё болохонадори нимхаробу нимвайрон. Насими пагоҳӣ дар тирезаҳои виллаи боҳашам пардаҳои абрешиминро алвонҷ медиҳад; дар ҳавлии пастак шӯрхоки деворҳои афсударо парешон карда, либосҳои қашшоқонаи ба тор овезонро шамол медиҳад.
Афсонаҳои «Ҳазору як шаб», шаҳрҳои замони Ҳорунаррашид ба ёдам мерасанд. Зоҳиран, зиндагонии мардуми Маккаи мукаррама ҳанӯз ба ҳамон тарзест, ки ҳазор сол қабл аз ин буд. Фақат овози муаззин бо радиодинамикҳои америкоӣ транслятсия мешавад, масҷидҳо ва хонаҳои давлатмандон аз чароғи электр мунаввар. Ба ҷои уштур ва аспу ароба дар кӯчаҳо сайёраҳои америкоӣ дар давутозанд.
Ҳо, ана дар он ҷо ҳавлии фатароте намоён аст, ки осори ҳаёт зоҳир намекунад… «Шоҳзода бедор шуда, худро дар вайронае дид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё