Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар паҳлуяш, дар кунҷи хона сандуқи зебое меистод. Шоҳзода қулфи сандуқ даршикаст ва дид, ки духтари моҳпайкаре оғӯштаи хоку хун андаруни сандуқ мехобид. Аз ҳар тарафи сандуқ сихҳои пӯлодин халонида, ҷисми латифи духтарро ба девораҳои он дӯхта буданд. Оре, ин маъшуқаи ӯ буд. Шоҳзода мадҳуш гардид…»
Эҳтимол, ин гуна воқеаҳо дар ин ҷо ҳоло ҳам рӯй диҳанд.
Кӣ медонад… Тартиби зиндагонӣ ҳамон аст, дин ҳамон, мазҳаб ҳамон. Ҳатто баръакс ҳамаи ин басо куҳна ва пир шудааст. Иллат дар тани пир бештар мешавад ва умед ба шифои он камтар.
Мулло Ӯроқака бедор шуда омада, сигарет пурсид.
– Хоби шумо вайрон будааст, духтурҷон, – гуфт ӯ як қуллоб дудро аз сӯрохии девор ба берун пуф карда, – ман ҳайрон, духтур шуда истода, тадбири хоби худро намекунед.
– Дар шафати хонаи худо зиндагонӣ мекунем.
– Рост, дар паҳлуи хонаи худо зиндагонӣ мекунем, – такрор намуд мулло Ӯроқака боз бештар рӯҳ гирифта. – Умед ба карами оллоҳи карим мебандему халос. Хайр, биёед, вақти ношто шуд. Имрӯз, иншооллоҳ, ба Арафоти бузург мерафтаем.
Нон, мураббо ва андак тухмбирён оварданд. Ба ҳар касе ки чолоктар буд, тухмбирён расид. Ману Исрофил одоби сари дастурхонро ҳанӯз фаромӯш накарда будем, ночор аз нону чой нафсро як навъ ором сохтем.
Ношто ба охир нарасида, шахси навчаи лоғар ва сиёҳандоме омад. Ба забони вайрони туркӣ худро шиносонид:
– Ман шайхи зам-зам ҳастам. Ҳаҷ муборак!
Табрики ӯро ҷавоб гуфта, худашро бо эҳтиром аз боло нишониданд. Шайхи зам-зам чашми тезбине дошт. Гӯё он чашм на буду як ҷуфт бигиз буд, ки ҳар кас ё чизи ба мадди назараш афтодаро сӯрох карда мегузашт.
Шайх шаф-шафи бисёр нагуфта, зуд ба сари мақсад омад.
Вай аз авлоди куҳани шайхҳои асил ва муътабар будааст, ки чашмаи мубораки хонаи худовандро бонӣ мекунад. Бинобар ин ҳар як мусулмони ба зиёратомада бо ҳадяе хурсанд кардани ӯро барои худ ҳам савоб медонистааст, ҳам шараф.

пешина
аз 247
навбатӣ