Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ҳоҷиён ҷомадонҳои худро яла карда, яке рӯймол, дигаре чанд газ матоъ, савумӣ калӯш ҳадя карда, соҳиби савоб ва шарафманди дуо гардиданд.
Ҷомадонкушоии ҳамсафаронро дида, ба хотирам расид, ки дер боз аз ҳоли доруҳои худ хабар нагирифтаам. Бо ин ният ҷомадонро мекушодам, ки шайхи зам-зам аз пешгоҳ чобукона бархоста, ба унвони банда дуохонон ба сарам расид. Дар ҷомадон яке аз шишачаҳои йод қисман рехта, каме докаро тар карда буд.
– Шумо аз мамлакат ба мо чизе наовардед? – гуфт шайх ба ҷомадони пур аз дорую асбобҳои тиббӣ норозиёна нигоҳе афканда ва дар паҳлуям диккак нишаст.
Шайхеро ба ин дараҷаи густохиву шилқинӣ надида будам.
Фикр кардам, ки ин нусхаи нодираи бани одам дар ҳақиқат меарзад, ки чизе инъомаш кунед. Ду пачка қанд ва ду лӯнда чои кабудро, ки барои хӯрокии худ гирифта будам, бароварда ба ӯ додам.
Аммо дуои насиби ман шуда аз дуоҳои ғурру ғафс набуд.
Якта-нимта муҳоҷирон омадан гирифтанд. Инҳо одамоне буданд, ки 35-40 сол муқаддам ё худашон ё падарашон хоки ватанро ҳар кадом ба ҳар тариқа тарк карда, ба Афғонистон, ё Қошғар, ё Эрон рафтанд. Пас аз солҳои дароз шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа гаштан ба Арабистон омадаанд.
Аз дар даромада салом медиҳанд, бо ҳама аз як сар вохӯрӣ мекунанд. Пас дақиқае таҳаммул карда, мепурсанд, ки оё дар байни мо ҳамшаҳрӣ ё ҳамдиёри онон ҳаст ё не. Андиҷонӣ, бухороӣ, намангонӣ, қазонӣ, тошкандӣ, хуҷандӣ ва самарқандиҳоро бештар мепурсанд.
Пирамарде омада хуҷандиҳоро пурсид.
– Дар гурӯҳи имсола хуҷандӣ нест, вале камина ва ана ин кас, духтури мо, ҳар ду аз Тоҷикистонем, – моро шиносонид шариксафари ман мулло Тешабой.
Пирамард бо мо гарм пурсупос кард. Номи вай мулло Иброҳими ҳоҷӣ будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё