Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Мулло Тешабой аз идораи оид ба корҳои динии назди Совети Вазирони Тоҷикистон як даста мактуб оварда буд. Аз он даста мактуберо ҷудо карда ба пирамард дод.
Мо дар як кунҷи хона се кас рӯ ба ҳамдигар менишастем.
Дигар ҳамсафарон низ бо муҳоҷирони ҳамдиёрашон ҳамин тавр доирачаҳои хурд сохта, ба сари худ суҳбат мекарданд.
Мулло Иброҳим мактубро бо дасти ларзон гирифта, як ба рӯяш наздик бурд, эҳтимол, мехост онро ба чашмонаш бимолад, аммо бо мулоҳизае аз нияташ гашт, конверти кабудро ба сари синааш пахш намуда, дар ҳамин ҳолат муддате ба замин нигоҳ карда нишаст. Ҳангоме ки мактубро мехонд, оби чашмонаш шашқатор шуданд. Ҳар замон ашки чашмонро бо пушти дастонаш пок карда, мактубро хонда ба поён расонид, боз як маротиба аз назар гузаронид. Сипас аз ҷой бархоста, «Илоҳо барака ёбед, илоҳо барака ёбед» гӯён бадар рафт. Вақти омаданаш пирамард ба назарам ҷисман тануманд, рӯҳан бардам намуда буд. Ҳоло дасту поҳояш аз изтироб меларзиданд, аммо аз кумаки мулло Тешабой, ки мехост аз бағалаш гирифта, ба фаромаданаш аз зинаи дароз ёрмандӣ кунад, даст кашид ва деворро дошта-дошта фаромада рафт.
Роҳбалади дирӯзаи мо дар тавофи каъба омада гуфт, ки ба шахсе ёрии духтур лозим аст. Тарҷумонро ҳамроҳ гирифта, ба поён фаромадам. Марди тахмин 42-43 солае дар таки дарвоза ба рӯи замини тар (соати обкашонии хизматгорон буд) дасту поҳояшро ёзонида, паҳн шуда мехобид. Як ҳамсафараш ба рӯи вай об мепошид. Мард афғон будааст. Абдусамадака дар ин ҷо лозим набудани хизмати тарҷумонии худро пай бурда баргашт.
Аз рӯи нақли ҳамсафараш марди бемор ҳамин ҳоло аз тавофу каъба баромада, бо пои худ ба ин ҷо расидаасту ногоҳ беҳуш шуда афтодааст.
Набзи мардак қариб тамом гум шуда буд. Қиёфааш ба шахси ҳафтаҳо нонрезае начашида монанд буд. Дарвоқеъ ҳам аз аввали моҳи рамазон инҷониб рӯза медоштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё