Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Шунида будам, ки мусулмонони маҳкамэътиқод агар нияти ҳаҷ дошта бошанд, аз аввали моҳи рамазон то рӯзи иди қурбон, яъне зиёда аз се моҳ рӯза медоранд.
Баъди кофеин фиристодан ба рагаш набзи бемор андаке аёнтар шуд.
Мутаввофи мо, Саид Абдулкарим, ки яке аз додарони соҳиби хона Саид Зайниддини Кӯшак будааст, гардани хорхорон фармуд, ки чизу чораҳои беморро аз ошёнаи якум ба яке аз ҳуҷраҳои ошёнаи дуюм кӯчонанд, барои вай зуд хӯроки гарми обакӣ тайёр кунанд. Аз захираҳои худамон ба бемор як қуттича полувитамин оварда додам. Ба Саид Абдулкарим таъкид кардам, ки агар зинда мондани беморро хоҳанд, бояд камаш як ҳафта ӯро бо хӯроки серғизои сабук парво кунанд.
Саид ба осмон ишора карда, чизе гуфт ва ба кори худ рафт.
Боло баромадам, ки шахсе маро мунтазир нишастааст.
– Шумо аз Душанбе будаед-дия, гуфт ӯ пас аз салому алек ва пурсупос. – Қорӣ Мирсироҷ гуфтанӣ бародари ман дар ҳамон ҷо зиндагонӣ мекунад. Намешиносед?
– Афсӯс, ки не.
– Баъзеҳо қорӣ Шакар мегӯянд.
– Қорӣ Шакар? Медонам, дар хонаи тағоям ӯро чанд бор дидаам. Дар пеши комбинати газвор истиқомат мекунад?
– Чӣ? Дар куҷо гуфтед?
Ман дарҳол саҳви худро пай бурдам. Ин мардак калимаи «комбинат»-ро аз куҷо донад?
Пас аз саволу ҷавоби зиёде ҳар ду қаноат ҳосил кардем, ки шахсе ки ман медонам, яъне ҳамон қорӣ Шакар бародари зоидаи ӯст. Ва худи одам Қӯлдошхоҷаи ҳалвогар будааст.
– Ҳай-ҳай, чӣ хуб шуд, ки шуморо дидам. Ҳамту не? – ба гап даромада рафт ҳалвогар. – Порсол ҳам аз Душанбе як кас омада буданд, синнашон аз шумо калонтар, бисёр одами сара, лекин ба ҷиянам, духтари қорӣ Шакар камтар савғотӣ дода фиристонам, якта ҷиҳакро нарасонидаанд, кори хуб накардаанд. Ҳамту не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё