Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Чиро нарасонидаанд?
– Ҷиҳак, ҷиҳак. Яъне ки шерозӣ барин як чиз мешавад. Ба курта ё пойҷома мешинонанд. Ҳамту не?
– Кори хуб нашудааст. Аммо шояд, ки гум шуда бошад.
– Намедонам. Хайр, ҳеҷ воқеа не. Ҳамту не? Ҳай-ҳай, чӣ хуш, ки шумо омадед. Иншооллоҳ, бо шумо ҳоло бисёр суҳбат мекунем. Ҳамту не? Порсол он касро ба кулбаи фақиронаам таклиф карда будам. Омаданд. Ҳар чи дар бисот буд, баровардам. Шукр Худоро, ба худам тинҷ ҳастам, даст дароз кунам, ба як ҷо мерасад. Аз ширбиринҷу шӯрбо то меваю ҳалвою дигару дигар наво ба пешашон кашидам. Одами хушчақчақ будаанд.
Ҳамту не? Локин якта ҷиҳакро нарасонидаанд. Бародарам қорӣ Мирсироҷ, яъне қорӣ Шакар дар мактуби табаррукиашон ҳамту гуфта андохтанд. Бародарам ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯянд. Ҷин задмӣ? Эҳтимол, гуфти шумо дуруст бошад, яъне ки гум шудагист. Роҳи дур, охир. Ҳамту не? Акнун моли Маккаи мукаррама – табаррукӣ гуфта фиристодам-дия. Духтарбача, шукр ба дувоздаҳ қадам монд, пага-бега тӯй мешавад, гуфта фиристодам. Бародарам оҳистаяк фотиҳаашро гирифта, пояшро банд карда мондаанд. Ҳамту-не?
Қӯлдошхоҷа тез-тез, охири калмаҳоро хоида гап мезад. Ҳар замон риши сираки мошубиринҷаш, абрувони маҳинашро бо ангуштони борики занонааш молида мемонд.
– Худоро шукр, бандаи фақир ба худам бисёр тинҷ ҳастам.
Дар ин ҷо ду ҳавлӣ дорам. Яктааш ҳам кифоя гуфта мегаштам.
Лекин як ошноям ба Риёз кӯчида рафт. Ар-Риёз – пойтахти шарифи Суудия аст. Медонед, албатта. Ҳамту не?
– Ҳамту, ҳамту, хабар дорам.
– Як кас ба ана ҳамон шаҳри шариф кӯчида рафт, илтимос кард, ки манзилаш бегона нашавад. Ба сад тилло харидам. Сад динор. Мо динор мегӯем. Пули моро дидагистед. Ҳа бале. Ана аз ҳамон риёл чилтааш як динор мешавад. Ҳамту не? Ба сад динор харидам. Муфт-дия. Дар Тоифи муборак як ҳавлии олампаноҳ дорам. Ҳар сол тобистонро дар он ҷо мегузаронам.
Ба Тоифи муборак иншооллоҳ шумо ҳам меравед. Ҳоҷиҳои мамлакат ҳар сол мераванд.

пешина
аз 247
навбатӣ