Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ҳамту не? Ҳай-ҳай, чӣ хуб ки шумо омадед. Иншооллоҳ ба Тоифи муборак меравед, баъд ба Мадинаи мунаввара. Дар Мадина як ҳавлии калон дорам.
Акаи миёнаам истиқомат мекунад. Қорӣ Шакар – аз ҳама калонӣ, ман хурдӣ, вай – миёна. Боз як ҳамшира дорем. Дар ҳамин ҷо, дар Маккаи мукаррама. Ҳай-ҳай, чӣ хуш, ки шумо омадед! Агар ягон чиз харидуфурӯш кардан лозим бошад, бандаи фақир ба хизмат тайёр. Ҳамту не?
– Чизе барои фурӯш наовардаам.
– Инту гӯед? Хайр, ягон чиз хариданӣ бошед, ман ёрмандӣ мекунам. Охир мо ин ҷо муқимӣ-дия. Ҳамту не?
– Ҳамту, ҳамту… хуб, боз ҳамдигарро медидагистем?
Қӯлдошхоҷа ҳаракатҳои маро, ки аз ҷой бархостанӣ мешудам, гӯё намедид, ишораҳои маро гӯё намефаҳмид. Дар бораи ҳавлиҳояш, чанд зан дошта, аммо бефарзанд буданаш ҳамчунон бо рағбати том ҳикоят мекард.
Ҳамсафаронам ва муҳоҷирони меҳмон кайҳо ба кӯча рафта буданд. Фақат як нафари муҳоҷирон дар пешгоҳи хона баҳузур нишаста, ду чашм аз мо намеканд. Бештар ба ман зеҳн монда, нигоҳ мекард.
Ниҳоят, он мард омада, дар қарибии мо нишаста ва пайти лаб фурӯ бастани додари қорӣ Шакарро ёфта, савол дод;
– Чаро кам шумоён?
– Кам? Яъне чӣ гуфтан мехоҳед?
– Аз Туркия сӣ ҳазор кас омадааст. Аз Эрон – бисту чор ҳазор. Аз шумо ҳамагӣ ҳаждаҳ нафар.
– Ҳа, агар ин хел муқоиса кунед, мо кам, – гуфтам.
Чӣ гӯям ба ӯ? Сабаби камии шумораи ҳоҷиёнро чӣ гуна фаҳмонам?
– Маскав иҷозат намедиҳад-дия? – пичинг парронид мардак.
Хандаам гирифт. Мард абру чин кард. Худдорӣ карда натавониста, хандидам. Мард бархоста, бо оташинӣ доман афшонида бадар рафт. Мавриди дигар мешуд, аз саволи ӯ қаҳрам меомад. Ақидае ки ӯ дорад, фақат аз ғофилӣ сар мезанаду бас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё