Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Иди бобоят, иди момоят.
– Маро овардӣ, ки бо ман ҷангу ҷангол кунӣ?
– Бирав, бихоб!
– Не, акнун намеравам. То ҳамаи гапамро нагӯям, намеравам. Ту ҳозир дар пойтахти дини мубораки мо гаштаӣ. Бояд, ки аз ин мавриди муносиб нағзакак истифода барӣ.
– Чӣ кунам?
– Якта-нимта саволҳо дорам, ки ба онҳо фақат дар Макка ҷавоб ёфтан мумкин.
– Маккаи мукаррама бигӯ.
– Бубахш, Маккаи мукаррама.
– Акнун гап зан.
– Бисёр касон донистан мехоҳанд, ки чӣ тавр шуда ривоятҳои Тавроту Инҷил ба китоби шарифи мо, мусулмонон, кӯчидаанд? Ҳатто номи фариштаҳои осмонӣ, пайғамбарон ва шарику пайравони онҳо кӯчидааст. Масалан, ҳазрати Одаму Ҳавво, Сулаймон, Довуд, Нуҳ, Исо, Мӯсо, Иброҳим, Марям, Исҳоқ, Исмоил, Илёс ва дигарон. Фақат ҳамин қадар тафовут ҳаст, ки насрониҳо ва яҳудиён Соломон мегӯянд, мо – Сулаймон, Марияи онҳо ба мо Бибӣ Марям, Авраам ё Абраами онҳоро мо Иброҳим, Иляро – Илёс, Нойро – Нуҳ, мегӯем ва ғайраҳу.
– Искандар, ба ту чӣ шуд? Мехоҳӣ ки ман аз ин масъала ба касе савол дода, пеш аз муҳлат ба ҳузури Мункару Накир ҳозир шавам? Ба саволат худам ҷавоб медиҳам, чунки дар ин чанд рӯзи бобаракот ба туфайли суҳбатҳои уламо маълумотам дар ин соҳа дучанд боло шудааст. Оё медонӣ, ки бахт гуфтанӣ чиз аксаран номукаммал мешавад? Яъне касе агар аз чанд ҷиҳат хушбахт бошад, аз як-ду ҷиҳати дигар албатта норасоие дорад. Хап исто, ҷои баҳс не, ин ба ҳама маълум.
Ана пайғамбари мо ҳам дар вақташ аз бисёр ҷиҳат хушбахт буданд, лашкаркашу нӯкару надимонашон ҳама одамони пухтаю кордида буданд; ҳазрати Алӣ барин домоди зӯр доштанд. Давлату савлаташон табъи дилашон буд. Ҳар духтаре ки ба назарашон хуш расид, дарҳол ба ақди никоҳашон медаромад, ё ин ки…

пешина
аз 247
навбатӣ