Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Акнун ҳамон ҷои шаттахӯрда ва суп-сурх шуда бардамида низ, бешубҳа, табаррукист.
Саиди роҳбалад ба марди ободор чизе гуфт. Аз афташ, гуфт, ки мо меҳмонони алалхусус муътабарем. Меҳри мизбонии мардак ба ҷӯш омад ва ӯ ҷараёни обро ба сари гурӯҳи мо паҳн карда пошид. Вай хеле вақт об мепошид ва ҳамсафарони ман аз оби зам-зам ва ин бахти кам дар кам саршор гашта, ба ваҷд омаданд ва баланд-баланд шукронагӯён дар зери сели муборак муддаои табъ болиданд.
Банда пачкаи сигарета ва гӯгирдеро, ки дар мағзи чинҳои эҳром пинҳон медоштам, дудаста аз об муҳофизат карда, зӯр мезадам, ки зудтар аз таки фаввора, дур шавам. Аммо Исрофил домангирам буд ва намегузошт, ки аз дигарон тезтар ҳаракат кунам.
Ниҳоят, берун баромада, аз зани ҳиндисимо кафшҳои худро гирифта, ба даст бардоштем. Хазинабонамон як доллар ба ӯ бахшиш дод. Баъдтар донистам, ки дар хонаи худованд садҳо нафар ин гуна зану мардони мусофир ҳастанд, ки бо кафшбонӣ пул ёфта, барои қути лоямут ва роҳкирои худ маблағе меғундоранд.
Аз болои ҷойнамозҳои паҳни ҳоҷиён, аз болои сару пушти онҳо ҷаҳида ба каноре баромадем. Пас ба зери айвони баланди дарозе дохил шудем. Ин ҷо яке аз чаҳор тарафи ҳамон айвони дуошёнаи навбунёд буд. Кӯҳҳои Сафо ва Марва дар таки ҳамин бинои баланданд. Дар як гӯшааш кӯҳи Сафо, дар гӯшаи муқобили он – кӯҳи Марва. Агар он кӯҳҳо низ муқаддас намебуданд, онҳоро сангтеппаи начандон баланд гуфтан мумкин буд.
Сафову Марва ҳам қисса дорад. Касе онро надонад, нахоҳад донист, ки аз чӣ сабаб ҳазорон нафар ҳоҷиёни нимбараҳна байни ин ду кӯҳ давутоз мекунанд.
Ҳазрати Иброҳим Халилуллоҳ ду зан доштанд. Калониашон ҳазрати Бибӣ Соро, хурдиашон ҳазрати Бибӣ Ҳоҷар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё