Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳазрати Бибӣ Соро ҳарчанд қаробати ба оллоҳи таоло доштаи шавҳарашон ва худашонро хуб медонистанд, лекин аз кинаву адоват ба палонҷи соҳибҷамоли худ ба ҳеҷ ваҷҳ халос шуда наметавонистанд. Аждаҳои рашк ба синаи ҳазрат пайваста ҳамлаҳо мекард ва эшон бар сари Халилуллоҳ ҳар шаб ғавғою моҷарои нав мебардоштанд. Бибӣ Соро оқибат дӯсти оллоҳро маҷбур карданд, ки зани дувумашонро ба биёбон пеш кунанд. Халилуллоҳ гардани хорхорон Бибӣ Ҳоҷарро ба биёбон байни Ҳиҷоз бароварда монданд ва гуфтанд:
– Илоҷи дигар надорам, азизам. Бирав, паноҳат ба худо.
Бибӣ Ҳоҷар ҳомила буданд. Баъди сарсониву саргардонии чандрӯза кӯдак таваллуд шуд. Ҳазрати Бибӣ кӯдакро ба матое печонида, ба рӯи замин гузоштанд ва худ ба ҷустуҷӯи об даромаданд. Ба сари кӯҳе баромада диданд, ки об нест, аммо аз тарафи кӯҳи дигар садое ба гӯш мерасад, ки «ана об, дар ин ҷост!» мегӯяд. Пас ба сӯи он кӯҳ давиданд, диданд, ки дар ин ҷо ҳам об нест, аммо ҳамон садои умедбахш акнун аз кӯҳи аввала мерасад. Пас гашта ба он сӯ давиданд, баъд боз ба ин сӯ давиданд…
Аз ривояти маъхазҳои муқаддас маълум намешавад, ки зани навзоидаро маҳз кадом бемағзи бетамиз фиреб дода, ба ин сӯву он сӯ метозонид. Лекин ҳаминаш маълум аст, ки ҳазрати Бибӣ Ҳоҷар ҳафт маротиба ба ин кӯҳу он кӯҳ баромада фаромадаанд. Боз инаш аниқ аст, ки он кӯҳҳо маҳз ҳамин сангтеппаҳои Сафо ва Марва будаанд.
Ҳазрати Бибӣ аз даводавии бефоида шалпар шуда, маъюсу ноумед ба сари кӯдак бармегарданд ва мебинанд, ки аз таки кӯдак об баромадааст. Ҳазрат аввал гумон мекунанд, ки писарашон бори якум эзор тар кардааст. Аммо чун дурусттар зеҳн мемонанд, мефаҳманд, ки аз таки пои ҳазрати навзод чашмае фаввора мезанад. Аён мешавад, ки кӯдак дар набудани модар бекор нахобида, бо пойчаякони худ реги дар такаш

пешина
аз 247
навбатӣ