Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Боиси шуҳрати мақоми Иброҳим ана ҳамон воқеаҳоянд.
Мувофиқи қоидаҳои ҳаҷ ду ракъат намоз хондан дар зери пояҳои ин зина фарз аст. Лекин замин кафида ҳоҷӣ баромадааст ва нафақат барои хаму рост шуда саҷда ба сӯи каъба кардан, балки барои як ҷуфт пой ҳам ҷой нест. Хайрият, уламои шариатпаноҳ дар мавриди лозим донистаашон баъзе дигаргуниҳо ҷорӣ мекунанд. Уламо кайҳо фатво додаанд, каи агар барои саҷда ҷой набошад, ба китф ё думбаи ҳамдигар сар монда, ибодат кардан равост. Ҳама чунин мекунанд.
Акнун оби зам-зам хоҳем нӯшид. Дар паҳлуи мақоми ҳазрати Иброҳим кулбае ҳаст, ки низ бо ҳазор ранг ва ҳазор нашқ зебу зинат додаанд. Аз чоҳи таки он кулба бо моторҳои электрӣ об кашида, ба бом мебароранд. Баъди оби шифо аз бом, бо «пои худаш» ба поён ҷорӣ мешавад. Дар беруни кулба ҳам ҷумакҳои бисёре устувор кардаанд. Метавонед аз он ҷо кафи даст ё даҳонатонро дошта шикамсерӣ бинӯшед.
Вале дар тавофи аввалин дохили кулба шудан шарт аст.
Ба хонае ки фақат бист кас озодона ба по истода метавонад то 90-100 кас худро андохтааст. Аз баландии суфашакли мудавваре, ки дар мобайни хона аз тахта сохтаанд, ду мард бо рӯдаҳои ғафси резинӣ ба зарфҳои савобталабон, ба даҳону халқуми чӯҷасон ялакардаи онҳо об мерезад. Оби фачи тираранги чоҳро ончунон менӯшанд, ки гӯӣ дар биёбони сӯзон баъди ташнагии камаш якмоҳа ба оби ширини ҷонофарин расида бошанд. Ҳоҷиёни бақувват ва чолоктар нӯки рӯдаро аз ҳаво дошта ва бо зӯрӣ ба сӯи худ кашола карда, ба даҳонашон медоранд. Нафасгардон шуда, аз фарқи сар то нӯки пой ба оби табаррук тар шуда менӯшанд. Аз оби ба роҳи нафас парида сулфакунон суп-сурх мешаванд, чашмонашон қариб аз косахона берун меҷаҳанд, аммо дар ҳамин ҳолат ҳам рӯдаро сар надода оби ҳаёт менӯшанд. Гоҳо обдор оташин шуда, ба сари ин гуна ҳоҷиёни баднафси густох бо нӯки рӯдаи сахт як-дуто мефарорад. Ҷои шаттахӯрда ба мисли изи тозиёна сурх шуда, дар оне як ангушт баланд мешавад, аммо ҳоҷӣ аз ин сила бештар хурсанд мешавад, чунки ин сила ҳам табаррукист, ин рӯда ҳам табаррукист.

пешина
аз 247
навбатӣ