Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аммо писарони ту ҳамчунон гаҳвораи хоби гаронро оғӯш мекунанд, агарчи заррае гуноҳ надоранд ва худ туъмаи гуноҳи касонанд, дар ин ҷо аз ин сангу аз он санг талаби омӯрзиш мекунанд.
Осиё… Сарзамини бузурги ман, кишвари куҳан ва ҷафодидаи ман…
– Чанд давр шуд? – боз савол мекунад Исрофил.
– Даври охирин монд, азизам.
Исрофил бо ҳайрат ба рӯям менигарад, то бифаҳмад, ки чаро бо оҳанги риққатомез ӯро «азизам» мегӯям.
Тавофи каъба ба охир расид. Дар муқобили дари заррин мақоми ҳазрати Иброҳим воқеъ гаштааст.
Мақоми Иброҳим чизест монанди минбари воиз, ки дар масҷидҳо мешавад. Вай боз ба зинае шабоҳат дорад, ки дар аэродромҳо барои савор шудани мусофирон ба таки дари ҳавопаймо мебаранд. Дар болои ин зина тахтасанге ҳаст. Дар вақташ ҳазрати Иброҳим ба он пой монда, дар атрофи санги муқаддас девори каъбаро бардоштаанд. Сонӣ ҳамроҳи писари аз қурбонӣ зиндамондаашон ҳазрати Исмоил каъбаи худашон сохтаро нахустин бор тавоф кардаанд. Баъд худованд гуфтааст: аё эй халили мо, яъне ҳой дӯсти самимии мо, ту ва писарат кори сара кардед. Аммо танҳо тавоф карданатон хонаи моро кифоя нест. Дигаронро низ ба тавофи хонаи мо ҷеғ занед. Он гоҳ ҳазрати Иброҳим бар болои ҳамон тахтасанг дубора баромада, ҷор мекашанд, ки ҳой халоиқ, ба Макка бишитобед, ва хонаи парвардигорро зиёрат кунед! Дарҳол аз мағрибу аз машриқ, аз қутби шимолию қутби ҷанубӣ бандагони худо хитоб мекунанд: «Лаббайка, оллоҳумма, лаббайка!».
Яъне ки лаббай, худоё худовандо, лаббай. Ана мо ба хизматат ҳозир шудем.
Ибораи «лаббайка, оллоҳума!» аз ҳамон рӯз боқӣ мондааст…
Лақаби Халилуллоҳ, яъне дӯсти самимии оллоҳ ба ҳазрати Иброҳим аз ҳамон айём часпидааст.

пешина
аз 247
навбатӣ