Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Чанд давр шуд? – мепурсад аз ман Исрофил, ки аз домани эҳромам сахт дошта гирифтааст.
– Акнун сето.
Ду девори нисбатан озодтари каъбаро низ эҳромпӯшон бо либоси худ сафед кардаанд. Як қатори ҳоҷиён дар поён, ба пояи девор диккак нишаста, мармари сайқалзадаи сиёҳро оғӯш мекунанду мебӯсанд. Қатори дуюм аз болои онҳо тани худро ба пеш ёзонида девори аз тасфи офтоби рӯзона ҳанӯз гармро бо оби даҳону дидагони худ тар мекунанд.
Осиё… Қитъаи бузурги ман… – беихтиёр ин калимаҳо аз даҳонам мебароянд. – Як вақтҳо ту барои инсоният оинаи ибрат будӣ, гаҳвораи тамаддун будӣ. Магар якумин алифбо, нахустин килку хома, аввалин мисраъҳои шеър ва нақшаҳои меъморӣ аз парвози фикри фарзандони ту ба дунё наомадаанд? Магар нахустин теғи ҷарроҳӣ, аввалин китоби илми тиб ихтирои писарони ту набуд? Чаро побанди сеҳру ҷоду гаштӣ? Хоби гароне ки асрҳои аср дар оғӯшаш будӣ, ба кӣ лозим буд? Оё доруи хоби ҳазорсолаи туро дар атрофи ана ҳамин деворҳои табаррук ҳам тайёр накардаанд?
Рост, ки айёми хоб гузаштааст, дар рӯи замин субҳи тозае дамида, нисфи ҷаҳонро мунаввар сохтааст, аммо даме таваҷҷуҳ бикун, ҳанӯз фарзандони ту ба ин ҷо бо талаби давои хобу дуои хоб меоянд.
Муҳаммад Иқбол ҳам фарзанди ту буд, ки хитобан ба ҳамватанонаш, ба ҳамаи мухлисони хоб гуфтааст:
Номуси азалро ту аминӣ, ту аминӣ,
Дорои ҷаҳонро ту ясорӣ, ту яминӣ.
Эй бандаи хокӣ, ту замонӣ, ту заминӣ,
Саҳбои яқин даркашу аз дайри гумон хез,
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез!
Аз хоби гарон хез!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё