Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
эҳром яла мегардад, меафтем, мехезем ва ниҳоят, пас аз 15-
20 қадами пурмашаққат боз ба ҷои кушодтар баромада, ҳамроҳони худро меҷӯем ва гӯш медиҳем, ки мутаввоф кадом калимаҳоро зикр мекунад.
Ба зиёрати каъба ба нияти шифо бисёр шалу калу кӯр ва ҳатто беморони барҷомонда омадаанд. Хизматгорони кироя инҳоро ба занбар андохта ба сари китф бардошта дар гирди каъба давр мезанонанд. Ба кадом сӯе нанигаред, чеҳраҳои заҳир, чашмони шилпуқи фурӯрафта, рӯйҳои ранҷури хушкида, устухонҳои барҷастаро мебинед. Гирифторони дарди трахома аз ҳама бештар. Аҷабо, мегӯям ба худ, чӣ тартибот, чӣ низомест, дар мамлакати онҳо, ки одамони дардмандро ба ин аҳвол ба сафари дури хориҷа, боз ба чунин як деги одамҷӯшак иҷозат медиҳанд, ки агар кас андаке фориғболӣ кунад, дар як рӯз ҳафтоду ҳафт дарди ногаҳонӣ ба доманаш мечаспад?
Мардум оятҳоро ҷаҳркунон такрор намуда, аспи ҷувоз барин ба гирди хонаи Худо чарх мезананд. Занбарсаворон дар болои сари пиёдаҳо алвонҷ хӯрда, низ ҳар кадоме мувофиқи ҳолу тавони худ таомули таввофро баҷо меоранд. Қатори одамоне ки дар таки дари зарринкории каъба ба навбат истодаанд, торафт зичтар, ғафстар мегардад. Фишори сахти дар қафо будагон баъзе заифтаронро аз байн зада мебарорад ва онҳо аз тарси он ки меҳнаташон барбас меравад, ба бозу, эҳром, ҳатто ба риш ё гӯши дар қаторбудагон сахт мечаспанд. Дар қаторбудагон ҷавобан ба ин шахси часпандаро тела дода дуртар меронанд, то ки ӯ онҳоро низ аз паси худ кашола карда набарорад.
Дар остонаи дари тиллокории хонаи Худо ду сарбоз истода, оид ба қоидаҳои бародарӣ дарси аёнӣ медиҳанд: дар дасти ҳар кадоме – яктоӣ дарраи тобдор. Аз боло истода ба каллаву китфи онҳое ки дар пеши остонаи табаррук лаҳзае дертар мондан мехоҳанд бо дарраҳои худ беамон мекӯбанд.
Гарчи дарраҳо аз матои пахтагӣ тофта шудаанд, вале аз садои шартошурти ба сару гарданҳои бараҳна бархӯрдани онҳо маълум аст, ки кори кардаистодаи сарбозон аз навозиши бародарона хелояк тафовут дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё