Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Фақат пурзӯртарини мардҳоро муяссар мегардад, ки так-таки девори ҷанубии каъба соате якқадамӣ пеш рафта ниҳоят ба сари он сӯрох бирасанд ва дасти худро ақаллан ба ягон гӯшаи он расонида бибӯсанд ва ба чашмонашон бимоланд.
Басе қиссаҳои хунин бо таърихи ин санг вобастаанд.
Баъди вафоти пайғамбар низ дар ҳар сад-дусад сол исёнгаре пайдо мешуд ва бо зӯри аслиҳа Маккаи мукаррамаро забт карда, санги сиёҳро аз хонаи худо дур меандохт ва мегуфт, ки ба санги одӣ саҷда кардани бандаи Худо хуб нест. Саркардаҳои Макка, шайхҳо, саидон (яъне авлодони пайғамбар) мегуфтанд, ки ин санг санги одӣ нест, балки фариштаест, ки як вақтҳо парвардигор аз осмони ҳафтум ба замини пурнуқсони мо роҳӣ карда буд, вале вай дар роҳ сӯхта, ба ҳамин шакл ба ин ҷо афтодааст. Саркардаҳо боз қувват ҷамъ карда, исёнгарон ва ислоҳотчиёнро кофир эълон мекарданд. Дар мобайн хуни бандаҳои бегуноҳ мерехт. Бори охир асри гузашта ваҳҳобиён, яъне аҷдодони шоҳи ҳозираи Арабистон аълоҳазрати Сауд хуруҷ карда, санги муқаддасро бардошта ба замин заданд ва он кимчанд пора шуд. Солҳо гузаштанд.
Сангро боз ба ҷояш баргардониданд, ҷоҳои шикаставу кафидаи онро бо чанбаракҳои нуқрагин печонида ва дарбеҳ карда, дар ин сӯрохӣ гузоштанд, то ки ҳоҷиёни аз дуру наздик омада ба рӯи он бӯса зада, таскин ёбанд.
Мо давр мезанем ва ҳар боре ки ба муқобили санги муқаддас мерасем, даст бар ҳаво бардошта ба сӯи санг меафшонем. Гӯё онро аз дур мебӯсем. Ғайр аз дастафшонӣ оятеро аз паси саиди роҳбалад зикр карда, «оллоҳ акбар!» гӯён хитоб мекунем. Таомул чунин будааст.
Азбаски ба девори шарқӣ то дусад нафар ҳоҷиёни махсусан маҳкамэътиқод доимо часпида меистанд, ҳамин тарафи майдон хеле танг гаштааст ва мо ба худ бо зӯр роҳ кушода, то гузаштан аз ин ҷо дар атрофи тири худ чанд бор чарх мезанем. Гоҳ пой аз замин канда мешавад, гоҳ поёну болои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё