Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҷанобони муҳтарам! – ба сухан даромад ҳазрати Наримон, – бо иҷозаи шумо арз кунам, ки савоби ин таом дар китобҳои маъруф қайд шудааст. Не нагӯед, қайд шудааст.
Ҳазрати мукаррамаи Бибӣ Фотима…
Ҳазрати Наримон дар бораи санъати таомпазии завҷаи олимақоми шери худо ботафсил ҳикоя кард. Ривояти машҳури аз қайроқи одии сиёҳ хӯрок пухтани Бибӣ Фотимаро низ гуфта дод ва қайд намуд, ки шалғам аз каромоти ҳазрат ба дунё пайдо шудааст. Не нагӯед, гуфт ҳазрати Наримон, шалғам аз ҳамон ҷо пайдо шудааст.
Ҳазрати Наримон беҳуда исрор мекард, зеро касе ба ӯ эътироз ҳам карданӣ набуд. Ҳамаи ин уламо аз мулло Мушаррафқорӣ кашида, то қории ҷавон Темурҷон заррае шубҳа надоштанд, ки шалғам меваи карамоти Бибӣ Фотима аст. Биринҷро аз дандони пайғамбар сохтаанд. Гандумро ҳазрати Одам аз осмони ҳафтум овардаанд. Муш аз бинии хук ва гурба аз даҳони паланг дар вақти атса задани онҳо баромадаанд…
Соҳибони хона аз куҷое се гӯсфанд овардаанд. Гӯсфандонро ба пули Қориака, кассирамон Абдухалилкака ва намедонам боз кадоме аз мӯйсафедон ха рида овардаанд. Онҳоро ҳозир кушта қурбонӣ хоҳанд кард. Аслан рӯзи қурбонӣ пагоҳ аст.
Имрӯз онҳое ки ҳанӯз дар Хартум эҳроми худро кушода, қоидаи ҳаҷро ночор вайрон карда буданд, ба тариқи ҷарима қурбонӣ медиҳанд.
Хизматгори хонаводаи Зайнӣ Кӯшак – ҳабаши бузургҷуссае пайдо шуда омаду аз гардани яке аз гӯсфандон дошта, дар ҳолате ки пичирросзанон оятеро мехонд, ҷонварро бо як даст ба ҳаво бардошта, ба замин зад ва чаҳор пои гӯсфандро ба зери пои рост гирифта, бо дасташ дар рег ҳавзчае сохту бо як ҳаракати корди калони ялаққосӣ сар аз тани ҷонвар ҷудо намуд. Тахмин дар ним соат ҳабаш ҳар се гӯсфандро аз каллаву поча ва пӯсту рӯда ҷудо карда, ба дасти ошпаз супурд.
Қассоберо ба ин чолокӣ надида будам ва кори ӯро бо мароқ тамошо мекардам. Ӯ аз кӯдакӣ хизматгори зархариди ин хонавода будааст.

пешина
аз 247
навбатӣ