Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ба чӣ гуна ҷамъияте афтодаам?
Эҳтимол, камина аввалин граждани СССР бошам, ки аз ҳайати ҳамсафарони худ фахр намекунам. аҷаб як ҳаққи пешқадамӣ насибам шудааст.
– Қурбон, хафа нашав, пагоҳ ман бо Қориака гуфтугӯ мекунам.
– «Бо Қориака гуфтугӯ мекунам». Худат ҳам сардор-ку!
Чаро дам намезанӣ? Агар он ҳомии шариат бори дигар ин фармонашро такрор кунад, худо занад, ки кор ба хушӣ нахоҳад анҷомид!
Аз хаймаи сардор то хеле вақт овози Қориака ба гӯш мерасид, вале чиҳо гуфтани ӯро аз ин ҷо фаҳмидан душвор буд.
Нисфи танам дар рӯи палоси камбар, нисфи дигараш дар рӯи реги саҳро буд. Поҳои худро ба дарунтар, ба қабати гармтари рег тиққонида ба хоб рафтам…
Арафаи иди қурбон аз намози бомдод оғоз ёфт. Ҳар рӯз баъди намози аввал ҳоҷиён як-ду соати дигар мехуфтанд.
Имрӯз аз саҳар ибодат сар шуд ва бефосила давом мекард.
Қурси офтоб баланд шуда буд, ки ба наҳорӣ ҷеғ заданд. Аз ин пеш ба сари дастурхон омада «андак он сӯтар нишинед»
гӯён ё чизе нагуфта, худро ба миёни ҳамсафарон тиққонида, ба худ ҷой мегирифтам. Имрӯз баробари намоён шуданам каминаро бе гапу калоча ҷой доданд. Оё таъсири нутқи дишабаам бошад? Ё натиҷаи он ки Қориака Мулло Абдурозиқҷонака ва муллоакаҳои дигарро ба пеши худ оваронида, аз афти кор, ба эшон панду насиҳат хондаанд?
Дар рӯи дастурхон чанд бурида нони обаш гурехта ва дар табақе таоми идона – чизе ба монанади ҳалвои тари маросимии мо буд. Вале азбаски аз ҳалвои тар ба димоғ бӯи равғани чаладоғ мерасид, бо як бурида нон ва як пиёла чои фомил қаноат кардам.
– Духтурҷон, аз таом марҳамат кунед. Савобаш бисёр калон
– таклиф кард Мулло Ӯроқака.
– Ташаккур. Хӯрдани чизе савоб аст, ки дил мекашад.
Ба ҳар ҳол, ҳузури камина барои баъзе ҳамсафарон торафт ногувотар мегардид. Дар нигоҳи Абдурозиқҷонака ин пагоҳӣ тобиши адоватангезро баръалоина дидан мумкин буд. Чанди дигар бо чеҳраҳои табассумомез нарм муомила мекарданд, вале аён буд ки дар паси ин нармӣ ва табассумҳо як чизи сохтае ниҳон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё