Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шартномаи меҳнатӣ пешбинишударо мувофиқи вазифаи дар ҷадвали ҳайати кормандон муайяншуда, аз рӯи касбу ихтисос ва намуди мушаххаси кори ба ӯ таъин шуда, иҷро намояд. Сеюм, иҷрои вазифаҳои меҳнатии корманд, ки дар шароити меҳнати коллективӣ (кооперативӣ) иҷро карда мешавад, тобеияти кормандро ба қоидаҳои дохилии меҳнатии муқаррарнамудаи корфармо, бо риояи дастуру супоришҳои корфармо (роҳбар, директор ва ғайра), талаб менамояд. Чорум, хусусияти ҷубронӣ доштани муносибатҳои меҳнатӣ бо мунтазам пардохт кардани музди меҳнат ба корманд на камтар аз ду маротиба дар як моҳ зоҳир мешавад. Ҳамзамон, музди меҳнат мутобиқи андозаи меҳнате, ки корманд дар вақти кории муайян сарф кардааст, дода мешавад. Панҷум, корфармое, ки меҳнати кормандро истифода мебарад, вазифадор аст, ки барои корманд шароити солим ва бехатари корро фароҳам оварад ва қонунгузории меҳнат, аз ҷумла қонунгузории ҳифзи меҳнатро риоя намояд.
Шашум, хусусияти хоси муносибатҳои меҳнатӣ дар он аст, ки ҳар як субъект бидуни ягон мамоният, вале бо тартиби муқарраркардаи қонун онро қатъ намоянд. Дар ин ҳолат, корфармо ӯҳдадор аст, ки дар ҳолатҳои муқарраршуда кормандро оид ба қатъи ин муносибатҳо огоҳ намояд, инчунин ба корманд кумакпулии аз корравӣ ва дигар ҷубропулиҳоро пардохт намояд.

Аломатҳои зикршудаи муносибатҳои ҳуқуқии
меҳнатӣ метавонанд дар амалияи татбиқи ҳуқуқ
истифода шаванд, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки шартномаи
ҳуқуқӣ-гражданӣ байни тарафҳо баста шудааст, аммо дар

пешина
аз 496
навбатӣ