Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҷараёни баррасии судӣ муқаррар мегардад, ки шартномаи ҳуқуқӣ- гражданӣ муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфарморо танзим мекунад.
4.3 Субъектҳо ва мазмуни муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, асосҳои пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ
Субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд. Дар ин ҳолат, корманд танҳо шахси воқеӣ (шаҳрванд) ва корфармо бошад шахси ҳуқуқӣ (ташкилот) ё шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ, шаҳрванди дигаре, ки масалан, барои иҷрои кор дар хона кормандро ба кор қабул мекунад) буда метавонанд.
Барои ворид шудан ба муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, субъектҳои (иштирокчиёни) ояндаи он, бояд дорои сифатҳои ҳуқуқӣ аз қабили қобилияти ҳуқуқдории меҳнатӣ ва қобилияти амалкунии меҳнатӣ бошанд ва ҳангоми расидан ба созиш шартномаи меҳнатӣ баста тавонанд, ки маҳз дар асоси он муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд. Қобилияти ҳуқуқдории меҳнатӣ ва қобилияти амалкунии меҳнатӣ дар соҳаи истифодаи меҳнати кормандон ҳамчун як мафҳуми ягона баррасӣ карда мешаванд, зеро қобилияти меҳнатӣ аз шахсияти инсон (шахс, шаҳрванд) ҷудонопазир аст. Ҳар як меҳнати зинда фаъолияти ихтиёрӣ ва шахсии инсонро (кормандро) талаб мекунад ва мустақиман аз ҷониби ӯ (на аз ҷониби намояндаи ӯ, ки дар ҳуқуқи гражданӣ иҷозат дода мешавад) амалӣ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё