Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бинобар барҳамдиҳӣ, ихтисори шумора ё воҳиди корӣ озодшуда ҳамчун музд ба ҳисоб гирифта намешавад.

Давлат ба шаҳрвандони бекор кафолатҳои зеринро таъмин менамояд:

  • додани имтиёз ва ҷубронпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;
  • пардохти стипендия ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;
  • пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
  • имконияти иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок.

Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва ҷубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат дода мешавад.

Даврае, ки дар давоми он шаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бекорӣ кӯмакпулӣ, стипендия мегирад, дар корҳои муздноки ҷамъиятӣ иштирок мекунад, собиқаи меҳнатии ӯ қатъ намегардад ва ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил мешавад.

Яке аз кафолатҳои асосии давлатӣ ҳангоми бекорӣ ин пардохти кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ мебошад. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандоне пардохта мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд. Қарор дар бораи таъини кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ на дертар аз ёздаҳ рӯз аз лаҳзаи бекор дониста шудани

пешина
аз 496
навбатӣ