Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ташкилотҳое, ки на камтар аз 50 фоизи кормандони онҳо маъюбон мебошанд, андози замин ситонида намешавад. Имтиёзҳои мазкур барои ҳавасмандсозии корфармоён ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ ба маъюбон нигаронида шудаанд.

Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи шахси мансабдор беасос ба кор қабул накардани маъюбон, ки аз тарафи хадамоти шуғли аҳолӣ тибқи квотаи муқарраргардида фиристода шудаанд, ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шудааст.

6.3. Вазъи ҳуқуқии бекорон ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» шаҳрвандони бекор - шаҳрвандони синну соли қобили меҳнате дониста мешаванд, ки дар давраи баррасишаванда кор, музди меҳнат ва шуғли даромаднок надоранд, бо роҳи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ё хадамоти дигари шуғли аҳолӣ тавассути истифода ва ҷойгир намудани эълонҳо дар матбуот, муроҷиати бевосита ба корфармоён, истифодаи усулҳои дигар, аз ҷумла ташкили кори инфиродӣ ба ҷустуҷӯи кор машғул буданд, метавонанд ва тайёр ҳастанд ба кор шурӯъ намоянд.

Бақайдгирии шаҳрвандоне, ки дар ҷои истиқомати доимиашон ҳамчун шахсони бекор ва корҷӯянда ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ муроҷиат менамоянд, ҳангоми муроҷиати бевоситаашон бо пешниҳод кардани шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ё ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро

пешина
аз 496
навбатӣ