Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шаҳрванд қабул карда мешавад. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ, тағйир ёфтани шароити меҳнат, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамхӯрии корхона, муассиса ва ташкилот аз кор озод шудаанд ва дар ин давра музди миёнаи меҳнаташон дар ҷои кори охирин нигоҳ дошта шудааст, аз рӯзи якуми баъди гузаштани давраи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давоми сол ба мӯҳлати на бештар аз се моҳи тақвимӣ, пардохта мешавад. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ моҳе як маротиба пардохта мешавад, ба шарте, ки шаҳрвандони бекор бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав аз қайд гузаранд.

Барои шаҳрвандоне, ки собиқаи умумии меҳнатии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баромадан ба нафақаро медиҳад, лекин синнашон аз синни муқарраркардаи қонунгузорӣ барои таъини нафақа аз рӯи синну сол (аз ҷумла нафақа бо шартҳои имтиёзнок) як сол камтар аст, давомнокии давраи додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ то дувоздаҳ моҳи тақвимӣ тамдид карда мешавад.

Барои гирифтани кӯмакпулӣ шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бояд
дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18
моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз
музди меҳнати ин давраи фаъолият ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро пардохта бошанд. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар
моҳи аввал ба андозаи 50 фоиз, дар моҳи дуюм ба андозаи 40 фоиз ва дар моҳи сеюм ба андозаи 30 фоизи музди
миёнаи меҳнати ҷои кори охирин (бо назардошти коэфбарои

пешина
аз 496
навбатӣ