Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мутобиқи қисми 1 моддаи 19 КМ ҶТ корфармо ҳуқуқ дорад:

  • ба интихоби озод ҳангоми қабул ба кор, ба истиснои баъзе гурӯҳи шахсон, ки КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо имтиёз муқаррар кардааст;

  • ба бастан, тағйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • ба идоракунии ташкилот ва қабули санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) дар доираи ваколатҳои худ, ки иҷрои онҳо барои кормандон ҳатмист;

  • бо мақсади муаррифӣ ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ, иттиҳодияҳо таъсис диҳад, ба чунин иттиҳодияҳо дохил гардад ва дар кори онҳо иштирок намояд;

  • аз кормандон иҷрои шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва дигар санадҳои корфарморо талаб намояд;

  • бо тартиби муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани кормандон чораҳо андешад;

  • ба рӯёнидани ҷуброни зарар, ки корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расондааст;

  • барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниаш дар соҳаи меҳнат ба суд муроҷиат намояд;

пешина
аз 496
навбатӣ