Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • дорои дигар ҳуқуқҳо бошад, ки КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Дар баробари ҳуқуқҳо корманд уҳдадор аст (қисми 2 КМ ҶТ моддаи 18):

  • уҳдадориҳои меҳнатиро мутобиқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санади корфармо иҷро намояд;

  • интизоми меҳнатиро риоя кунад;

  • талаботи муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бехатарии сӯхтор ва санитарияи истеҳсолиро дар ҷойи кор риоя кунад;

  • ба молу мулки корфармо ва кормандон эҳтиёткорона муносибат намояд;

  • дар бораи вазъи ба амаломада, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон, моликияти корфармо ва кормандон таҳдид мекунад, инчунин дар бораи ба вуҷуд омадани бекорӣ ба корфармо хабар диҳад;

  • маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба ӯ маълум гардидааст, фош накунад;

  • ба корфармо зарари расонидаашро дар доираи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд;

  • дигар уҳдадориҳоро, ки КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро намояд.

пешина
аз 496
навбатӣ